Натиҷагирӣ аз фаъолият
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 676
Дар маҷлисгоҳи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён ҷаласаи ҷамъбасту натиҷагирии соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар Шарофиддин Асомуддинзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, директорони муассисаҳои зертобеи раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят ва дигар масъулин ширкат варзиданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудан аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст задан ба худкушию худсӯзӣ, огоҳ будани роҳбари муассисаи таълимӣ аз вазъи саломатии хонандагон ва назорати ҷиддӣ дар муассисаҳои таълимӣ ибрози назар намуда, барои ҷоннок кардани раванди кор ба мудирони шуъбаву бахшҳои маориф дастуру супоришҳо дод.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомуддинзода суханронӣ карда, аз пардохти маблағи муоинаи тиббӣ озод будани кормандони муассисаҳои таълимӣ таъкид кард. Инчунин, дар бораи талаботи Кодекси меҳнат ва дархости Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мазкур изҳори назар намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2022 дар вилоят маҷмӯан 79 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 541 синфхона барои 12 984 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шудааст.
С. АЗИЗЗОДА ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...