Мактуби миннатдорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 951
Ман, як тан модари 69-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Файзалиева Моҳсафар ҳастам. Моҳи сентябри соли 2022 писарам майор Муҳаммад Пиров дар муноқишаи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон қаҳрамонона ҳалок шуд. Барои писари ман ҳимояи марзу буми Ватан, хизмат намудан барои оромиву осудагии Тоҷикистон вазифа ва қарзи фарзандиаш буд. Ӯ низ кӯшиш мекард, ки ҳамеша инро ба дигарон талқин намояд. Аз Муҳаммадҷон ба мо се фарзанду хотироти нек ба мерос мондааст. Ман аз он мефахрам, ки писари ман дар ҳимояи марзу буми ин ватани аҷдодӣ ҷони худро нисор намуд.
Дар мактуби худ мехоҳам, миннатдории самимии худ ва аҳли оилаамонро нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсат ва кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонам. Аз рӯзе, ки Муҳаммадҷон дар роҳи оромӣ ва осудагии кишвари мо шаҳид шуд, мо дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Тоҷикистонро эҳсос менамоем.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мунтазам аз ҳолу аҳволи мо хабар гирифта, кумаки худро мерасонанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии қишри ниёзманди ҷомеаро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.
Бояд қайд кунам, ки дар асоси фармоиши раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2022 ба фарзандам майор Муҳаммадҷон Пиров пас аз марг рутбаи навбатии подполковник дода шудааст, ки барои қадрдонӣ низ изҳори миннатдорӣ менамоям.
Моҳсафар Файзалиева,
аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
модари афсари шаҳидгашта
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...