Варзишгарони муваффақи соли 2022
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 703
![]()
Соли 2022 барои варзишгарони вилояти Хатлон соли бобарор ва хотирмон буд. Дар ин сол як қатор варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, аксарият бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргаштанд.
***
Нуралӣ Эмомалӣ, ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии ҷудо
Нуралӣ Эмомалӣ, зодаи ноҳияи Хуросон ва дастпарвари Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-и шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ соли 2022 дар шаҳри Гуанкили Эквадор дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи гӯштии ҷудо ширкат варзида, рақибони худро шикаст дод ва соҳиби унвони Қаҳрамони ҷаҳон гардид.
***
![]()
Суннатулло Наврӯзов, ғолиби Чемпионати байналмилалӣ аз рӯйи намуди варзиши омехта
Суннатулло Наврӯзов дастпарвари муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”-и вилояти Хатлон буда, соли 2022 дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб бургузор шуд, аз рӯйи муҳорибаҳои омехта соҳиби ҷойи аввал гардид.
***
Лайло Ҳалимова, ҳамлагари дастаи бонувони “Хатлон”
Лайло Ҳалимова, ҳамлагари дастаи бонувони “Хатлон”, дар мавсими футболи соли 2022-юм 68 тӯбро ба дарвозаи рақибон ворид намудааст. Ҳатто Месси дар як мавсими футбол натавонистааст, ки ин миқдор гол занад.
***
Тоҳирҷон Тағойзода, нимҳимоягари дастаи «Хатлон»
Тоҳирҷон Тағойзода, нимҳимоягари тими футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нимҳимоягари Чемпионати Тоҷикистон-2022» шуд, ки ин барои мактаби варзишии вилояти Хатлон дастоварди намоён аст.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...