Меҳрномаи солинавӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 016
Эй ҷавонмарди хирадкеши Ватан,
Дар санои ту бигӯям ман сухан.
Огаҳӣ аз илму аз панди замон,
Аз фарозу аз нишеби ин ҷаҳон.
Огаҳӣ аз дарду ранҷи мардумон,
Огаҳӣ аз шодии хурду калон.
Бас зи таърихи куҳан дорӣ хабар,
Ҳамчу марди оқилу соҳибназар.
Ба Қурбон Ҳакимзода,
раиси вилояти Хатлон
******
Ранҷи деҳқон дар кафаш монанди зар,
Зиндагӣ аз неъмати ӯ ҷилвагар.
Эй кишоварзи Ватан марди асил,
Баҳри хони мардумон ҳастӣ кафил.
Ба Амонулло Салимзода,
муовини якуми раиси вилояти Хатлон
******
Агар зан дар сиёсат сарбаланд шуд,
Мақомаш дар замона дилписанд шуд.
Забонаш булбуловозу шакаррез,
Каломаш бо фасоҳат пур зи панд шуд.
Ба Фирӯза Шарифӣ,
муовини раиси вилояти Хатлон
******
Ҳар касе донад ҳисобу иқтисод,
Ӯ раҳонад зиндагиро аз фасод.
Зам шавад андар хазина ганҷу зар,
Раҳм бинмо, то нагардад он касод.
Ба Акрам Сулаймонзода,
муовини раиси вилояти Хатлон
******
Саноат раҳнамои иқтисод аст,
Ривоҷаш баҳри мардум пайки шод аст.
Чу чор аҳдофи сарвар ҳамчу дастур,
Зи файзи он шудем дар даҳр машҳур.
Ба Заробиддин Файзуллозода,
муовини раиси вилояти Хатлон
******
Ба дасти кас набошад тарҳи меъмор,
Набитвонанд гузоштан хишти девор.
Зи рӯи нақша бошад ҳар масолеҳ,
Шавад дилкаш басо ҳар шаҳру бозор.
Ба Амирхон Қурбонзода,
муовини раиси вилояти Хатлон
******
Дар ин даргоҳ ҳамеша ҳаст маҳфил,
Барои рафъи ҳар як кори мушкил.
Валекин дар сиёсатгоҳи миллат,
Набояд, ки шавад эҷод иллат.
Ба Муҳаммад ОРИФЗОДА,
роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
******
Ҳисобот оваранд ар дафтари кор,
Ба танзим оварӣ дар сабки ахбор.
Чунон таҳлилу бас омода созӣ,
Наёбад саҳви ту оқили дарбор.
Ба Алишер ДАДАБОЕВ,
мудири шуъбаи иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси вилоят
******
Ҷаҳон бе зан хазон монад ҳамеша,
Баҳори зиндагӣ хушкад зи реша.
Бисабзон, эй Худо, дони муҳаббат,
Нигаҳбонаш бишав аз досту теша.
Ба Раъно Раҳимзода,
сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
******
Суханро ҳар кӣ гӯяд гар ба тамкин,
Барорад ғуссаро аз қалби ғамгин.
Касе, ки эҳтироми ҳар сухан кард,
Накард ӯ рухи сурхе аз адаб зард.
Ба Баҳром Миров,
мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
******
Наёбад то халал як ҳарфи қонун,
Назорат то набошад лолу маҳзун.
Дар ин ҷода ҳазорон чашм бояд,
Набандад роҳи қонун сеҳру афсун.
Ба Содиқ АМИНЖОНОВ,
шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00