Ҷ. Балхӣ. Туҳфаи солинавӣ ба ятимон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 509
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани эҳтиёҷмандону ниёзмандон муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ба муассисаи таълимии давлатии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф овард.
Ҳайати меҳмонон ба раванди таълиму тарбияи хонандагон шинос гардида, вазъи фаъолияти муассисаро дар ин фасли сармо пурсон шуда, бо мақсади беҳдошти раванди таълиму тарбия дастуру маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамзамон, меҳмонон бо иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм - фурӯғи маърифат” суҳбат намуд.Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ бо ёдоварӣ аз сиёсату дастгириҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат аҳли ҷамъомадро бо фарорасии соли нави медодӣ табрику шодбош намуда, даъват ба амал овард, ки моро лозим аст бо пуштибонӣ аз сиёсати созгору хирадмандонаи Сарвари давлат дар мавриди тарбияи дурусти насли наврас мавқеи устувор дошта, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.
Дар фарҷом, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба тарбиятгирандагон либосҳои мавсимиву туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд, ки шодиву хурсандии ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳадду канор надошт.
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...