Ташрифи раиси вилоят ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 606
Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати амалисозии дастуру
супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафари корӣ анҷом дод.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилоят аз вазъи будубоши хизматчиёни қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боздид намуд. Зимни боздид, ба сарбозон туҳфаҳои солинавӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилояти Хатлон ба аёдати Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммадӣ Муродӣ рафт.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон дар маросими шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар шоҳроҳи марказии ноҳия иштирок намуданд. Дар ноҳияи Фархор раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28, ки дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти “Гулшан” воқеъ аст, дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур ба-рои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз тарафи Дирексияи сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, тибқи нақша моҳи март муассисаи мазкур ба истифода супорида мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилоят, дар доираи сафари корӣ раиси вилоят собиқадорони меҳнат Сафарова Аноргул, Ғозиева Мевагул ва Мӯсоева Зайнураро аёдат намуда, баонҳо аз номи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳо тақдим намуд.
Ҳамзамон, дар рафти сафари корӣ раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия боздид ба амал оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.
Тибқи маълумоти масъулин, дар мавсими имсола дар боғи мазкур 100 адад дарахти навъи кипариси аризонӣ ва 10 адад дарахти павлония шинонида шудааст.
Ф. ДАВЛАТ, «Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00