Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Соли нав соли дастовардҳо ва ободиву пешрафти Тоҷикистон хоҳад буд


Соли нав соли дастовардҳо ва ободиву пешрафти Тоҷикистон хоҳад буд



Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023

Ҳамдиёрони арҷманд!

Боиси суруру шодмонист, ки мову шумо фарорасии Соли нави мелодиро дар фазои осоиштагиву субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегирем.

Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро аз самими қалб шодбош гуфта, ба шумо сарбаландӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагию фаъолияти ҳаррӯзаатон барору муваффақиятҳои беназир орзумандам. 

Дар соли сипаришаванда, ки 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона ҷашн гирифтем, раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият ёфтанд. Бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш рафтем. Аҳли заҳмат ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлон дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат кашида, дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон ба ҳадди имкону тавоноӣ саҳм гузоштанд.

Баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилояти Хатлон ва коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.

Яке аз рӯйдодҳои дигари фараҳбахш ва пураҳамияти соли 2022 ин аст, ки дар арафаи Соли нав, яъне рӯзи 14 декабр, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гаштани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, бо ҷонибдорӣ ва пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Ин ибтикори сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат нуфузу эътибори байналмилалии кишвари моро боз ҳам устувор гардонид.

Бо дастгирию роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат ва меҳнати софдилонаи хатлониён дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ афзун гардида, ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бештар ҷалб намудани сармояи хориҷию дохилӣ ба иқтисодиёти вилоят, тақвиятбахшии фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дар ин замина мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон тадбирҳои муайян амалӣ гардида, аксари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон соли 2022 мусбат ҷамъбаст карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи амалигардонии сиёсати пулию қарзии Ҳукумати мамлакат, махсусан ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, дар давраи истиқлолият даромади буҷети давлатии вилояти Хатлон  аз 22,6 миллион сомонии соли 2000-ум ба 463,5 миллион сомонӣ дар соли 2010-ум, ба 1,9 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ва дар 11 моҳи соли 2022 ба 2,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2000-ум 101,8 маротиба, нисбат ба соли 2010-ум 5 маротиба ва дар қиёс бо соли 2020-ум 1,2 маротиба зиёд мебошад.

Дар соли 2022 ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 66 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, гардиши савдои хориҷӣ ба 456,6 миллион доллар расонида шуд, ки аз ин 235 миллион доллараш содироти молу маҳсулотро ташкил дод. Соли 2022 дар вилоят 132 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 64 муассисаи таълимӣ, 44 муассисаи соҳаи тандурустӣ, даҳҳо иншооти дигари фарҳангию варзишӣ, маишиву хизматрасон бунёду азнавсозӣ гардиданд, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунанд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни ҷуҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори аввал ба Шоҳҷоиза даст ёфтани довталаб аз вилояти Хатлонро низ яке аз рӯйдоди хотирмони соли 2022 номидан мумкин аст.

Дар баробари барандаи Шоҳҷоизаи ин озмуни бонуфуз Шаҳло Сайдалиева, намояндагони вилояти мо-инчунин ба гирифтани ду ҷойи якум, ҳафт ҷойи дуюм, ҳафт ҷойи сеюм ва 32 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд. Мо ҳамаи ғолибони озмунҳои “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат”-ро низ самимона табрику таҳният мегӯем. Аминам, ки ин дастовардҳои илмию маърифатӣ барои ҷалби шумораи ҳарчи бештари наврасону ҷавонони мо ба илм, ҳунар ва мутолиа таконбахш хоҳад буд.

Давоми соли 2022 мардуми худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон дар атрофи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун ҳамеша, муттаҳид шуда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар саҳми шоиста гузоштанд.

Боварӣ дорам, ки тоҷикистониён минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон камари ҳиммат баста, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким мебахшанд. Муттаҳидию сарҷамъии халқамон атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон дар соли 2023 хоҳад гардид.

Тавре ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон зикр намуданд, дар соли оянда барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, тамоми сокинони иззатманди Хатлонзамин, ҳар як оила, соҳибкорон, фаъолони ҷомеа, хизматчиёни давлатӣ бояд бо фаъолияти пурмаҳсулу созандаи худ дар рушди маҳал мусоидат намоянд.

Бигзор Соли нави мелодӣ соли дастовардҳои навини меҳнатӣ баҳри ободиву пешрафти Тоҷикистони азизамон гардад. Бо ҳамин нияти хайр, бори дигар тамоми хатлониёнро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям. 

Тавфиқу пирӯзиҳо ёратон бод, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода