Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮНАМОИИ КИТОБИ “ШУКРОНА”


РӮНАМОИИ КИТОБИ “ШУКРОНА”



Имрӯз, 28 декабр, дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Ш.Шоҳин расми муаррифии китоби “Шукрона” бахшида ба 70-солагии собиқадори матбуоти тоҷик, котиби масъули нашрияи “Хатлон” Саттор Қарахонов баргузор гардид.

Дар ин маросим муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, собиқадорони матбуот, аҳли қалам ва мухлисони ин эҷодкор иштирок доштанд. 

Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки маҷмӯаи мазкур ба ифтихори 70-умин солгарди журналист ва публитсисти саршинос ва соҳибмактаб Саттор Қарахонов мураттаб гардида, дар он намунаҳои очерку лавҳа, қиссаю ҳикояҳои муаллиф, ки давоми 45 соли фаъолият дар рӯзномаи “Хатлон” ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудааст.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи сухани табрикии худ аз ҷумла қайд намуд, ки саҳми рӯзноманигори касбӣ, соҳибқалам, донандаи хуби арзу ниёзи мардум Саттор Қарахонов, ки имсол синни мубораки 70-ро пур карданд, дар рушди матбуоти миллӣ беҳисоб аст. “Саттор Қарахонов 45 соли ҳаёти худро, яъне аз рӯзҳои аввали таъсиси рӯзномаи "Хатлон", баҳри пурмазмуну хонданбоб гардидани он бахшидааст. Ба хонандагони доимии рӯзномаи “Хатлон” ва умуман, алоқамандони матбуоти даврии тоҷик, муаррифӣ кардани Саттор Қарахонов эҳтиёҷ надорад, чун бо қалами ӯ, сабки ӯ, доманаи афкору шеваи ҷаззоби баёни ӯ аксаран ошноянд”, - афзуд Ф. Шарифӣ.

Сипас, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, баромад намуда, иброз дошт, ки С. Қарахонов яке аз рӯзноманигорони пурмаҳсули Тоҷикистон буда, бо нигоштаҳои публитсистиаш суннату оинҳои миллӣ, ободониву бунёдкорӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, суботу осоиш, ваҳдату сулҳпарвариро тарғиб ва хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ, накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намудааст. 

Дар идома намояндаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон С. Шомалангзода, собиқадорони матбуоти тоҷик Нуриннисо Муртазоева, Асалмо Сафарова, Саидҷаъфар Баёзӣ, шоир Чӯпон Бадал, ҳамсари С.Қарахонов - Ганҷиннисо Мирзоева, хабарнигори ҷавон Набиҷони Саидаброр ва дигарон ба сухан баромада, аз сифатҳои неки инсонӣ ва касбии Саттор Қарахонов ёдовар шуданд. 

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба соҳибҷашн Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои раиси вилоятро тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти пурмаҳсули Саттор Қарахонов бо ҷоизаҳои зиёди соҳавӣ, аз ҷумла, нишонҳои сарисинагии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “100-солагии матбуоти тоҷик”, Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. 



Маҷмӯаи “Шукрона” ба гиромидошти заҳматҳои ин рӯзноманигори пуркор бо саҳми идораи рӯзномаи  “Хатлон” бо теъдоди 300 нусха дар матбааи ҶДММ “Ношир-С” нашр гардид. 

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода