ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Ҷавонон ва варзиш, Боздид 1 626
30 январ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷайҳун майдончаи варзишӣ барои бозии баскетбол ва волейбол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ин майдонча ҷузъе аз маҷмааи варзишиест, ки дар боғи марказии фароғатӣ - фарҳангии ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қудратулло Собиров бо сарфи зиёда аз 240 ҳазор сомонӣ қомат афрохтааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонд.
Тибқи иттилои соҳибкор Қ. Сабуров майдончаи варзишӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ болопӯшида хоҳад шуд. Дар як шабонарӯз то 100 нафар ҷавонон дар иншооти мазкур ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейбол, теннис, баскетбол, муштзанӣ, гуштӣ машғул мешаванд.
Инчунин, барои машқу тамрини дастаи яккачини духтарони волейболбози ноҳияи Ҷайҳун шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қайд гардид, ки барои бунёди маҷмааи варзишӣ (майдончаи варзишӣ, ҷойи тамрини гӯштингирону бокс-чиён) ва бо асбоби варзишӣ муҷаҳҳазонидани он наздик ба ним миллион сомонӣ масраф шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода даъват намуд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси
вилояти Хатлон
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-01-2021, 09:05