А. Салимзода. “Ба муроҷиати шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 573
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Имрӯз, 24-уми декабри соли 2022 Қабули шаҳрвандон дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ гузаронида шуд.
Дар қисмати аввал муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар кард.
Зимни қабули шаҳрвандон Ашӯрова Мавҷуда, сокини ҷамоати “Ҳаливард” оид ба сохтани Маркази саломатӣ дар деҳаи Ленин, Ёрматов Ҷумъа, истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки "Гулистон" оид ба корношоям шудан ва ҳолати хароби роҳҳои маҳаллӣ муроҷиат намуданд. Муовини раиси вилоят барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагон роҳбарон ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдорро вазифадор намуданд.
Ҳамзамон, сокинон Назаров Умаралӣ дар масъалаи норасоии оби ошомиданӣ ва оби полезӣ дар ҷамоати деҳоти "Каленин", Ҳакимов Орзу аз ҷамоати деҳоти "Ҳаливард" вобаста ба кумаки иқтисодӣ, Намозов Бегмурод, директори муассисаи таълимии №16 барои кумак дар насби трансформатор дар муассиса, Ҳуҷҷатов Абдулфайз сокини деҳаи Қизилюлдузи ҷамоати "Маданият" дар бораи кашидани хати барқ ва кандани заҳбуру заҳкашҳо арзи худро расониданд.
Ба хотири муносибат дар ҳалли мушкилти ҳар як муроҷиаткунанда муовини раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро масъул карда, изҳор дошт, ки иҷроиши супоришҳои мазкур назорати қатъӣ карда мешавад.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00