Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ


АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ





Худи ҳамин рӯз, раиси вилояти Хатлон дар маркази шаҳри Левакант аз рафти корҳои сохтмонию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Левакант боздид намуд. 
 
Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Левакант соли 1972 таъсис ёфта, 10 гектар заминро дар бар мегирад ва 4,8 гектари он сабзу хуррам мебошад.

Дар боғи номбурда Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба вилояти Хатлон  22 сентябри соли 2020 мавриди истифода дода шудааст.

Қисмати шарқии боғ дар масоҳати 5,0 гектар ба ҶДММ “Рушди Хатлон” ба мӯҳлати 20 сол ба иҷора дода шудааст. Айни замон гирду атрофи он бо панҷараҳои оҳанӣ иваз карда, сохтмони майдончаи варзишӣ ва фаввораҳо оғоз гардидааст. Корхонаи мазкур иқдом гирифтааст, дар боғ арғунчак, чархофалак ва дигар таҷҳизоти муоссирро насб намуда, онро ба боғҳои намунавӣ табдил диҳад. 

Зимни суҳбат Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, бо сохтмончиён таъкид дошт, ки онҳо бояд ба сифати кор, зебогии иншоот диққати махсус диҳанд, то он барои сокинони шаҳр солҳои дароз хизмат расонад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода