САФАРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 630
21 декабри соли 2022 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корсозандагию бунёдкорӣ ба шаҳри Левакант сафари кори анҷом доданд.
Нахуст, раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант аз рафти корҳои сохтмонии гармхонаи инноватсионии доимамалкунанда, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саймумин Давлатов дар масоҳати 10 га замин бунёд гардида истодааст, шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бетонрезӣ дар майдони як гектар оғоз гардидааст. Дар назар аст, ки моҳи марти соли 2023 марҳилаи якуми гармхонаҳои мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, кишти маҳсулоти зироату полезӣ, асосан помидору бодиринги барвақтӣ ва картошка кишт карда шуда, ба бозорҳои вилоят бароварда мешавад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин гармхонаи доимоамлакунанда 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешавад.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалб намудани соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ дастуру супориш дод.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...