НАХУСТНАМОИШИ «ЗОЛ ВА РУДОБА»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 789
Шоми имрӯз, 21 декабр, дар шаҳри Бохтар нахустнамоиши намоишномаи саҳнавии “Зол ва Рудоба” аз ҷониби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.
Раиси вилоят пас аз тамошои намоишнома ба нақшофарии ҳунармандони театр баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишномаҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан ба насли наврасу ҷавон мебошад.
Намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз рӯйи яке аз достонҳои ҳамноми асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” таҳия шуда, онро коргардон Қурбонзода Баҳром ба саҳна гузоштааст.
Дар нақшҳои Зол Фирдавси Турдлиалӣ, Рудоба - Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр - Саидзода Отахон, шоҳ Сом - Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт - Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон - Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00