АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 714
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода чун анаъана, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати собиқадорон ва ашхоси маъюб рафт. Нахуст аз оилаи сокини 93-солаи шаҳр Беғамова Холдона ташриф овард. Раиси вилоят Холдона Беғамова ва аҳли оилаи ӯро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта, саломатию тансиҳатиро барояшон орзу намуд.
Беғамова Холдона Сайфуллоевна 10 майи соли 1929 дар деҳаи Конгурти ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст, оиладор, соҳиби 7 фарзанд ва 23 набера мебошад.
Имрӯзҳо фарзандонашон Саида, Ҳикматулло, Сайбӣ, Неъматулло, Сабоҳат ва Сабзагул дорои маълумоти олӣ буда, дар рушду пешрафти Тоҷикистон азиз саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон ба хонаи шоири маъюб Алиҷони Сарбандӣ ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар шуд. Зимни суҳбат Алиҷони Сарбандӣ иброз дошт, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, тири дайду ба сутунмуҳраи ӯ расида, инак, тақрибан 30 сол мешавад, ки бистарӣ мебошад.
– Дар аввал каме дилшикаста шудам. Аммо баъд ба худ гуфтам, ки набояд аз ин дилшикаставу руҳафтода шавам. Баъд ба корҳои эҷодӣ пардохтам. Бо ҳамин ба худ дӯстони зиёде пайдо карда, ба ҳаёту зиндагӣ идома додам,- гуфт шоир Алиҷони Сарбандӣ.
Раиси вилоят зимни суҳбат ба эҷодиёти шоир баҳои баланд дода, иродаву матонат, рӯҳи шикастнопазир ва муборизи ӯро намунаи ибрат барои дигарон хонд. Аснои суҳбат Алиҷони Сарбандӣ ба раиси вилояти Хаталон чанд нусха маҷмӯаҳои шеърии худро туҳфа намуд.
Алиҷони Сарбандӣ 8-уми октябри соли 1967 дар шаҳри Левакант таваллуд шуда, дар мактаби миёнаи №1 таҳсилоти миёнаро мегирад. Баъди адои хизмат ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба факултаи математика ва физика дохил мешавад. Соли 1992 бар асари муноқишаҳои дохили дар кишвар рухдода захмдор шуда, маъюби бистарӣ мегардад.
Алиҷони Сарбандӣ бо вуҷуди маъюб буданаш худро аз ҷамъият канор нагирифта, ба навиштани шеър машғул аст. Маҷмӯаи шеърҳояш бо номҳои «Оҳанги дил», «Нигоҳи ишқ», «Тӯёна», «Баҳори орзу», «Ангезаҳои сӯзи дил», «Фарёди ишқ», «Сад садои садоқат», «Меҳрборон» ва «Ҷашнгоҳи меҳру ихлос» -ро ба нашр расонидааст.
Дар фарҷоми суҳбат раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулини шаҳри Левакант ҷиҳати дастгирии ҳаматарфаи Холдона Беғамова ва шоири маъб Алиҷони Сарбандӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, ба онҳо туҳфаҳои раиси вилоят расонида шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00