Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи энергетика, «Рӯзи энергетикҳо» – 22 декабр
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 539
Муҳтарам кормандони соҳаи барқу энергетика
Хамасола 22 декабр, ҳачун Рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҷлил мегардад, ки ин руйдод ба муносибати яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 1936, баистифодадиҳии нахустин нерӯгоҳи барқии обии кишвар НБО «Варзоби боло» муносибат дорад.
Таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашта, бахши энергетикаи барқӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки мамлакат пазируфта шудааст.
Бинобар ин ба ҳар яки Шумо барқчиён, барои ҳиссагузор будан дар пешрафту тараққиёти кишвар ва саҳм гузоштан дар рушду нумӯи мамлакат, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ миннатдории хешро баён намуда, Рӯзи кормандони соҳаи энергетика ва фарорасии соли нави мелодии 2023-ро шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон барори кору орзуҳои нек, тансиҳатию хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.
Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ баҳри рушду пешрафти соҳа тадбирҳои ҳадафманд амалӣ ва татбиқ шуда истодаанд.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷамъомад бахшида ба оғози сохтмони сарбанди иншооти аср - Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд: «Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузург буда, онҳо бойигарии миллии мо маҳсуб меёбанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад».
Бунёди иншоотҳои энергетикӣ ба таъмини пурраи кишвар бо нерӯи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷи мамлакат маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ аз зумраи афзалиятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба нерӯи бузурги иқтисодии минтақа табдил медиҳад ва барои таъмини ҳадафи чоруми миллӣ: - “Саноатикунонии босуръати кишвар” мусоидат хоҳад кард.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳақиқат нерӯи барқи Тоҷикистон, ки аз тавоноии нерӯгоҳҳои обии аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва ба табиат безарар, бисёр муфиду арзон арзёбӣ мешавад, дар пешрафти некӯаҳволии мардум мавқеи босазо дошта, бо андешидани тадбирҳо тавлидоти нерӯгоҳҳои барқӣ ва истеҳсоли миёнасолонаи онҳо рӯ ба афзоиш дорад.
Даврони истиқлоият дар вилоят ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-Сангоб», ба роҳ мондани таҷдиду таъмири нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Сарбанд”, азнавсозӣ ва таъмири зеристгоҳҳои барқии 220-500 кВ маҳз барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар равона шудааст.
Санаи 13 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ва шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО- “Роғун” бо фаъолону сохтмончиёни ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат мулоқот намуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки корҳои дар ин муддат ба анҷом расонидашуда собитгари матонату диловарии ҳар як сохтмончӣ ва мутахассисони соҳаи энергетикаи кишвар мебошад.
Соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду навсозии НБО- “Сарбанд” ва НБО “Норак” баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои иқтидори нерӯгоҳи “Сарбанд” аз 240 мегаВатт ба 270 мегаВатт ва иқтидори неругоҳи “Норак” аз 3000 мегаВатт ба 3375 мегаВатт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонии нерӯгоҳҳо ва таҳвилу таъминоти нерӯи барқ ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Тавре, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нав дар даврони истиқлолият дар самти некӯаҳолии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки санаи 14 декабри соли 2022 ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ гардида, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаи энергетикаи вилоят, дастгирии босуръати кори кормандон, ҷалби мутахассисони ихтисосмандро баҳри пешрафти босуботи соҳа зери назорат қарор дода, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ–таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар ба шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар татбиқи равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар Иди касбиатон-Рӯзи энергетикаи тоҷикро самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, энергетикҳои азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...