Боздид аз ҷараёни сохтмони корхонаҳои саноатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 691
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар шинос гардид.
Дар ин минтақа аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли гӯгирд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Марҳамат Давронова дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида истодааст. Фаъолияти корхона дар як баст ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар корхона ду хатти муосиртарини технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона 110 ҳазор дона қуттии калон буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат ва сохтмони ин коргоҳ изҳори сипос намуда, ба масъулин ва роҳбарияти шаҳри Бохтар ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкори ватанӣ дастури қатъӣ дод.
Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозим фароҳам мебошад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00