Азми бунёди 257 иншоот дар Балҷувон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 547
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Балҷувон сохтмону ба истифода супоридани 257 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд.
Дар ин замина бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони корхонаи «Балҷувон-ойл»-ро оғоз намуданд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ равона гардидааст. Корхонаи дигар, ки сохтмонаш дар арафаи анҷом қарор дорад, корхонаи сангу шағал мебошад. Бунёди иншооти гуногун ва талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ дар ноҳия ба сохтмони корхонаи сангу шағал замина гузошт.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Балҷувон дар айни замон 11 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки ҳамарӯза маҳсулоти хушсифати саноатӣ истеҳсол ва ба бозору марказҳои савдо равона месозанд.
Бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани 12 корхонаи нав дар ноҳияи Балҷувон то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ як баробар афзоиш ёфта, беш аз 100 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00