Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Варзишгарони вилоят 2997 медал ба даст оварданд


Варзишгарони вилоят 2997 медал ба даст оварданд



Рӯзи 14 декабр дар толори Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро, муовинони раисон, мудирони бахшҳои ҷавонон ва варзиши шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони мактабҳои варзишӣ ширкат варзиданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Қурбон Қурбонзода вобаста ба дастовардҳои соҳаи варзиш гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ варзишгарони вилоят дар 124 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва ҷамъан 2843 медал, аз он миён 956 нишони тилло, 860 медали нуқра ва 1027 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ҳамзамон, варзишгарони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон имсол дар 25 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 53 медали тилло, 37 медали нуқра ва 64 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 154 медал гардиданд.

- Шумораи медалҳои варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 ба қадри 209 адад бештар мебошад, -афзуд Қ. Қурбонзода.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ натиҷаҳои варзишгарони навоҳии Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Вахш, Балҷувон, Ховалинг, муассисаи давлатии мактаби варзишии №3-и вилоят, мактаби варзишии вилоятии Ҷамоати деҳоти “Зарбдор”-и Кӯлобро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштироки суст доштанду ягон медал ба даст наоварданд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ дар шаҳру навоҳии вилоят 21 майдончаи нави варзишӣ, 5 толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, ду маҷмааи варзишӣ бунёд гардидааст. Барои сохтмони иншоотҳои мазкур 47 миллиону 97 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Раиси Шӯрои вилоятӣ Фирӯза Шарифӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар соли 2022, дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пурсиш карда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, Ф. Шарифӣ доир ба таъмини иштироки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавию байналмилалӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои мутахассисон, мураббиён, доварон ва методистҳо, омодагӣ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар соли 2023 ва дигар масъалаҳои мавриди назар масъалагузорӣ намуд.

Н. Маъмурзода,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода