СӮГ ВОРӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 512
11 декабри соли ҷорӣ қалби ходими намоёни давлатӣ, роҳбари содиқу ватандӯст, падари меҳрубону ғамхор, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдулло Файзулло аз тапидан бозмонд. Ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, аз ин мусибат андуҳгин шуданд.
Шодравон Убайдулло Файзулло аз зумраи шахсиятҳое буд, ки хислатҳои неки инсонӣ дошт. Дар 43 соли фаъолияти меҳнатӣ тавонист, дар корзори Ватан ба манфиати халқу диёр бо ҳама ҳастӣ, сидқан ва софдилона заҳмат кашида, нақши созгоре дар рушди ҷомеаи навин гузошта, номи неки худро дар замири мардуми шарафманди вилоят сабт намудааст.
Мо имрӯз беҳтарин роҳбари кордон, рафиқу дӯсти гиромии худро аз даст додем. Ин амри тақдир аст ва мо барои ҳама хизматҳои равоншод Убайдулло Файзулло, ки дар роҳи бунёдгузориҳо дар як гӯшаи диёри азизамон зиёда аз 7 сол роҳбарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ба уҳда дошт, самимона изҳори сипосмандӣ мекунем.
Марҳум 21 апрели соли 1963 дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар оилаи коргар ба дунё омада, дар ҳамин ноҳия ба камол расидааст. Ходими давлатӣ Убайдулло Файзулло фаъолияти кориро аз хоҷагии ба номи Н. Бегови ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ шурӯъ карда, дар ин муддат дар вазифаҳои масъулиятнок, аз ҷумла ёвари бригадир-механики хоҷагӣ, муҳандисмеханики иттиҳодияи истеҳсолии маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон дар ноҳия, сардори сехи элеватори ноҳия, ҷонишини сардори сехи элеватор, оператори корхонаи нафтбарории Калинини ноҳия, сардори нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, раиси хоҷагии ба номи Н. Бегови ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, раиси ноҳияи Хуросон ва аз моҳи марти соли
2015 то нафаси вопасин раиси ноҳияи овозадо-
ри Ҷалолиддин Балхӣ буд.
Дар давраи фаъолияти корӣ Убайдулло Файзулло, дар ҳақиқат, мутахассиси кордон, ботаҷриба, масъулиятшинос ва ҷонфидои давлату миллат буд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ фаъолияти пурсамар дошт, бо ободкориву ташаббусҳои наҷибу созандааш, амалҳои хайру сахо, инсондӯстиву покзамирӣ, хислатҳои наку ва пешоҳангиаш дар ободонии ноҳия саҳми шоиста гузоштааст.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои пурарзиш ва саҳми муносиби ӯро дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба инобат гирифта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 бо медали “Хизмати шоиста”, соли 2021 бо медали ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо даҳҳо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Мардуми ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ва умуман нафароне, ки бо хислати ҳамида, гуфтору рафтори намунавӣ, барнодилии Убайдулло Файзулло аз наздик шинос буданд, аз даргузашти бармаҳали ин роҳбари кордон ғамгин шуда, арзи ҳамдардӣ мекунанд. Албатта, ҳар ҷое, ки Убадйлло Файзулло кор кард, мардум ӯро самимона дӯст медоштанд ва номи некаш то абад дар қалби сокинони ин минтақа ҷойгоҳи махсус хоҳад дошт.
Сад афсӯс, ки Убайдулло Файзулло дар синни 59-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт, лек ёди ӯ, хотироти неки ӯ, хизматҳои шоён ва мондагори ӯ дар ёди дӯстон ҳамеша зинда хоҳад монд.
Дуогӯем, ки манзили охираташ обод ва маконаш биҳишти ҷовидон бошад.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00