РАИСИ ВИЛОЯТ: “Мо меҳтарони меҳнат ва ашхоси ниёзмандро фаромӯш намекунем”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 504
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, беморону маъюбон ва собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дошта, ба нафарони эҳтиёҷманд мунтазам кумак расонида мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар собиқадори меҳнат Зебинисо Саттороваро аёдат карда, бо шароити зиндагии ӯ аз наздик шинос шуданд. Зимни аёдат раиси вилоят вобаста ба дастгириву пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат, шахсиятҳои хизматнишондода, шахсони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои ниёзманд зикр карда, пайваста зери парасторӣ ва ғамхориву пуштибонӣ будани эшонро таъкид намуданд.
Қайд гардид, ки Зебинисо Сатторова умри пурбаракати хешро дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тадриси ҷавонон сипарӣ намудааст. Зебинисо Сатторова ғолиби озмуни «Бонуи сол 2012» дар бахши омӯзгори мактаби олӣ дониста шудааст. Бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуда, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба хонадони маъюби гурӯҳи якум Наргис Саидова ташриф оварда, аз аҳволи ӯ бохабар гаштанд.
Наргис Саидова дар 2- солагӣ ба бемории фалаҷ гирифтор шуда, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, хатмкунандаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
Раиси вилоят ба масъулини шаҳри Бохтар ҷиҳати саривақт дастрас кардани маводҳои доруворӣ ва таъмини дигар ниёзҳои Наргис Саидова дастуру супоришҳо дод.
Зимни аёдат ба Зебинисо Сатторова ва Наргис Саидова аз номи раиси вилояти Хатлон кумакҳо расонида шуд.
Толиб ТОЛИБЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...