ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 644
Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар чаҳор номина таъсис дода шуд.
Ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудааст.
Ғолибони ҳар номина бо Диплом, медал ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ба иттилои сардори Раёсати фарҳанги вилоят Рамазон Насриддинзода, Ҷоизаи муқарраршуда ҳар сол дар Рӯзи фалак (10 октябр) ба ғолибони озмуни вилоятӣ, ки дар ҷодаи фалаксароӣ, сурудҳои эстрадӣ, рақс, офаридани нақшҳои мондагор дар саҳнаҳои театрӣ ва ҳаҷв саҳм мегузоранд, тақдим карда мешавад.
Барои дарёфти ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилояти Хатлон на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд.
Дорои истеъдоди бааанди касбӣ будан, иштирок дар озмун ва чорабиниҳои эҷодию фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, интихоби мавзӯъ дар суруд ва намоишҳои театрӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шартҳои пешниҳоди номзадҳо ба Ҷоиза маҳсуб мегардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00