ФЕСТИВАЛИ ЛИМӮ ВА НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 807
Рӯзи 12-уми декабри соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатии вилоят баргузор гардид.
Дар фестивал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вилояти Омски Федератсияи Россия ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмононро бо урфу одати тоҷикона нону ширинӣ ва шеъру суруд пешвоз гирифтанд. Сипас, раиси вилоят, меҳмонон аз Фестивали лимӯ дидан карданд.
Бахусус, раиси вилоят ва дигар масъулон дар бораи лимӯ ва ҳосили хуби имсолат ба меҳмонон маълумот дода, дар бораи шароити боду ҳавои мусоиди кишвар ва деҳқонони асили хатлонӣ иттилоъ доданд.
Меҳмонон ба сифати маҳсулот ва ҳосили бадастомада баҳои баланд дода, дар хусуси харидор доштани маҳсулот ва ниёз ба чунин маҳсулот дар Федератсияи Россия ҳарф заданд. Гуфта шуд, ки чунин маҳсулот дӯстдорону харидорони зиёдеро дорад ва омода ҳастанд, ки вобаста ба содироти чунин маҳсулот мусоидат намоянд.
Баъдан, раиси вилоят бо меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карда, аз шахсони масъул ва кормандони корхонаҳои саноатӣ дар бораи коркарди маҳсулот, иқтидор, фаъолияти мутахассисон ва имконияти содироти маҳсулот маълумот гирифтанд.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00