Ташрифи беш аз 408 ҳазор сайёҳ ба Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 628
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 дар умум 408 ҳазору 448 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои тамошои табиат ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон омадаанд.
Дилшод Шоҳзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки аз он миён 15 ҳазору 570 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Ба иттилои мавсуф, феълан дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...