Боздиди хонандагон аз қисми ҳарбӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 664
Зиёда аз 100 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ 5 декабр ба қисми ҳарбии дар ноҳияи Шаҳритус воқеъбуда рафта, бо шароити будубош ва хизмати ҳарбии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд.
Хонандагон бо низомиён ҳамсуҳбат гардида, аз онҳо чӣ тавр барои хизмати ҳарбӣ омода шуданро пурсон гардиданд. Сарбозон маслиҳат доданд, ки иштироки фаъолона дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ ва пайваста обу тоб додани бадан, яъне ба варзиш машғул будан мушкили хизмати ҳарбиро осон мегардонанд. Ҳангоми боздид аз қисми ҳарбӣ ба хонандагон ҷойи хоб, ошхона, толори хониш, ҷойи машқу тамрини сарбозон, ба қисмҳо ҷудо кардани силоҳи ҷангӣ ва истифодаи дурусти он нишон дода шуд.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.
Хонандагон иброз доштанд, ки пас аз хатми мактаб ба сафи Артиши миллӣ пайваста, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан- Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо месозанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00