ҲУКМИ СУД: 8 сол маҳрум гардидан аз озодӣ барои пайравӣ аз ифротгароӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 664
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон нисбат ба Сафархӯҷа Ходҷаев, сокини ноҳияи Вахш, барои содир кардани ҷиноят - даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ ҳукм баровард.
- Сафархӯҷа Ходҷаев дар саҳифаи худ дар «ютюб» ақидаҳои харобкоронаи ташкилоти экстремистӣ-террористии «ҲНИ» ва «Паймони миллӣ»-ро тарғиб кардааст. Номбурда дар саҳифаи шахсиаш дар сомонаи мазкур ақидаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии мазкурро ба худ дуруст қабул намуда, тариқи шабакаи интернетӣ баҳри устувор нишон додани ақидаҳои ифротии худ аз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пуштибонӣ намуда, тариқи видеоӣ дар ин барнома барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати оммавӣ кардааст.
Чунин таҳдид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намуда, бо ин роҳ дар фаъолияти ин ҳизбҳо иштирок ва ба фаъолияти онҳо мусоидат намудааст. Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маводҳои пешниҳодшуда аломатҳои даъвати ошкоро ва пӯшида барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремистӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, дар баромадҳои ӯ даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.
Коллегияи судӣ бо далелҳо дар мурофиаи судӣ гуноҳи судшаванда Сафархӯҷа Ходҷаевро собит ва бо моддаи 307 қисми 2 банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо аломатҳои содир кардани даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зӯроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифодаи шабакаи интернетӣ ҷамъбаст кард.
Ҳамин тавр, Суди вилояти Хатлон тибқи моддаи 307 қисми 2 банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдоршаванда Сафархӯҷа Ходҷаевро ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум кард.
А. Назарзода,
судяи Суди вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...