Рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол – ҳадафи аслии ҲХДТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 697
10 декабр аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки як ташкилоти сиёсии ташаббускору пешоҳанги ҷомеа мебошад, 28 сол сипарӣ мешавад. Дар ин росто, суҳбате доштем бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон док тори илмҳои сиёсӣ, профессор Қиёмиддин Миралиён ва фишурдаи онро манзури хонандаи азизи рӯзномаи “Хатлон” мегардонем.
- Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намуда буданд: «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт».
Дар воқеъ, хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули давлати муосири тоҷикон, балки дар хотимаёбӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба даст овардани ризоияти миллӣ ва муттаҳид гардонидани мардум мондагор аст. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.
Сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон имрӯз ҳамчун як ниҳоди низомнок ва устувор на танҳо вазифаҳои ҳизбии худро бомаром иҷро карда истодаанд, балки дар бартарафсозии мушкилоти мубрами аҳолӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастёр мебошанд. Ба ҳолати имрӯза, шумораи аъзои ҳизб дар вилояти Хатлон ба 186 ҳазор нафар расида, ба онҳо 2764 ташкилоти ибтидоӣ хизмат мерасонанд.
Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ дар муддати кутоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд, ки боиси ифтихори мост.
Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати 28 соли фаъолият ба ташкилоти мукаммали сиёсӣ бо сохтори идоракунии муассир табдил ёфта, дар ҳама минтақаҳо, сар карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.
Ҳизбиёни вилояти Хатлон дастури Раиси муаззами ҳизбро дар самти таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ мавриди амал қарор дода, як идда идеяҳои созандаву бунёдкорӣ ва ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосирро ташаббус кардаанд. Аз ҷумла, тарғибу ташвиқ ва саҳмгузории бевосита дар татбиқи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз шумули ҳамин иқдомҳо, бахусус, дар сатҳи маҳалу деҳот мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 8200 иншооти таъиноташ гуногун бунёд ёфт, ки боиси боз ҳам рушду пешрафт ва ободу шукуфон гардидани ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон гардид. Дастури Пешвои миллат ҷиҳати бо бинои маъмурӣ таъмин намудани кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳамин доира амалӣ карда шуд. То имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти босамари кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ биноҳои маъмурӣ тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ сохта, ба истифода дода шуданд, бинои Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Данғара омодаи ифтитоҳ мебошад.
Дар маҷмӯъ, бо ченаки маблағӣ дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳизбиёни вилояти Хатлон дар ҳаҷм ва ё баробар ба 173 миллион сомонӣ бо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Дар робита ба ин, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ташаббускорию навовариро пеша намуда, гурӯҳи 28 ташаббуси ҳизбиро зери унвони «Якҷоя месозем!» ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд. Аз ҷумла, ташаккули низоми функсионалии идоракунӣ – (1) татбиқи Рейтинги ҳизбӣ, (2) рақамикунонии фаъолият, (3) сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроия, (4) таъминоти техникию ташкилии сохторҳои ҳизбӣ, (5) таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо, (6) сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо, (7) сохтмони пул, (8) обёрикунонӣ, (9) ниҳолшинонӣ; (10) сохтмони марказҳои ҳунармандӣ ва (11) утоқи раиси кумитаи маҳалла; (12) азнавсозии иншооти гигиенӣ бо заҳкаши дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо, (13) тозакунии оромгоҳҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», (14) таъсиси сомона-махзани хизматрасонӣ, (15) ташкили саҳифаҳои иҷтимоии «Кумак ба маъюбон» ва (16) «Ҳунарҳои дастӣ», (17) таҳкими рукнҳои илмию амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» тариқи баргузории конференсияҳои илмӣ ва (18) интишори Маҷалаи илмию таҳлилӣ ва амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», (19) интишори мунтазами маводҳо ва (20) вокуниш бар гурӯҳҳои ифротӣ, (21) ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои кумитаҳои иҷроия, (22) таъсиси Маркази тренингии кормандони ҳизбӣ, (23) таҳкими хизматрасонии волонтёрии ҳизбӣ, (24) татбиқи барномаи «Сарбози ихтиёрӣ», (25) амалиёти муштарак бо сохторҳои маориф бо унвони «Соати сиёсӣ» ва (26) «Мактаби ман!», (27) ташкили гулгашти ҳизбӣ бо интернети ройгон барои ҷавонон ва (28) пешбарии лоиҳаи Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат».
Чи тавре маълум аст, барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ин ҳизби мардумӣ бо пешкории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ – зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва камолоти маънавии мардум, бахусус ҷавонон, дар доираи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ҳамасола дар вилояти Хатлон чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ баргузор мегарданд. Самараи ҳамин тадбирҳо буд, ки аз ҷониби ҳизбиёни вилоят таъсиси Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардидааст.
Бо мақсади ташаккули мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар таҳкими муносибатҳои идоракунӣ аз моҳи апрели соли 2020 инҷониб дар таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон рейтинги ҳизбӣ ҷорӣ гардида, маҳсули хоси худро ба бор овардааст. Рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ёфта, самти рушдёбиро ихтиёр кунад. Тибқи низоми Рейтинги ҳизбӣ нишондиҳандаҳои асосии фаъолият мавриди назорат ва корбарии ҳамарӯза қарор гирифта, амалиёбии онҳо ба таври системавӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамин тариқ, бори нахуст аст, ки ин таҷрибаи сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ аҳамиятнок арзёбӣ гардида, барои татбиқ ба дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат паҳн мегардад.
Мо – ҳизбиёни вилояти Хатлон дар паҳлуи Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ, сол то сол тараққӣ ёфтани Тоҷикистони маҳбубамон, инчунин ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяннамудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ тамоми неруи зеҳнӣ ва ҳастии худро равона мекунем.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00