Омодагӣ ба зимистон дар чӣ ҳол аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 724
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ доир гардида, дар он рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ - аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» корҳои муайянеро ба анҷом расонида, нақшаи чорабиниҳои иборат аз 20 банд оид ба ин масъала тасдиқ карда шудааст. Дар ин давра аз тарафи ситоди вилоятӣ бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо чор маротиба ситоди зимистонгузаронӣ доир шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Гурӯҳи корӣ аз рафти иҷрои қарори болозикр, омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022- 2023, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дар идома гузориши муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода оид ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ шунида шуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода зимни ироаи гузориши худ гуфт, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, 61 анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо иқтидори 15026 тонна ва 66 сардхона бо иқтидори 24025 тонна барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд аст.
Ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ дар сардхонаю анборҳо 1394 тонна полезӣ ва мевагиҳо захира гардидааст. Аз ҳисоби соҳибкорон дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят 6460 тонна орд, 1220 тонна равғани растанӣ, 3700 тонна картошка, 4300 тонна пиёз, 2200 тонна сабзӣ, 1830 тонна биринҷ ва 1520 тонна шакар барои захира ба нақша гирифта, то 1 декабр захираи ин анвои маҳсулот аз 100 то 105,7 фоиз иҷро шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят таъминоти ангишт 11866 тонна ё 100,5%, таъминоти ҳезум 24963 метри мукааб ё 102,3%, таъминот бо сӯзишвории дизелӣ бошад, 61865 литр ё 102% ва шишабандӣ 100 фоиз иҷро гардидааст.
Дар мувозинаи муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо 312 дегхона мавҷуд буда, 213 адади он дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Тибқи иттилои З. Файзуллозода, дар муассисаҳои тиббӣ захираи ангишт 130% (653,3/854,6), ҳезум 111,9% (2480/2773), сӯзишвории дизелӣ 107% (21,1/22,6) таъмин гардидааст.
Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронӣ захиаи 14068 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 31 тонна ангишт, 167 метри мукааб ҳезум, 46346 тонна сӯзишвории изелӣ ба нақша гирифта, 168 техника дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Левакант, Вахш, Восеъ, Муъминобод, Шаҳритус ва дигарон ҳисобот манзур гардида, оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Н. МАЪМУР ЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00