Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон афзоиш ёфт


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон афзоиш ёфт



Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 миллиарду 832 миллиону 485,7 ҳазор сомонӣ расидааст.

Ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,3 фоиз (1 миллиарду 299 миллиону 455,2 ҳазор сомонӣ) афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ як миллиону 47,2 ҳазор тонна ғалладона, 1 миллиону 513,1 ҳазор тонна сабзавот, 204,5 ҳазор тонна картошка, 651,4 ҳазор тонна полезӣ, 220,1 тонна мевагиҳо, 115,4 тонна ангур ва 24,7 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардид, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 106,4%, сабзавот 106,6%, полезӣ 104,6%, мевагиҳо 109,3%, ангур 110,8% ва ниҳолу кӯчат 123,7 фоизро ташкил мекунад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода