Дурнамои ҷамъоварии пахта 93,7% иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 620
То 30 ноябр кишоварзони вилояти Хатлон зиёда аз 268 ҳазору 30 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 93,71 дарсади дурнамои соли 2022 баробар аст. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд.
Тибқи дурнамо, имсол кишоварзони вилоят бояд 286 ҳазору 8 тонна пахта истеҳсол намоянд. Манбаъ афзуд, ки пахтакорони шаҳрҳои Левакант, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Ёвон, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Вахш, Ҷайҳун ва Дӯстӣ дурнамои имсолаи истеҳсоли “тиллои сафед”-ро иҷро намуда, ноҳияҳои пахтакори Қубодиён, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав дар арафаи иҷрои дурнамо қарор доранд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00