Аз сиёсати Сарвари давлат то саодатмандии миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 620
Дар масири таърихи давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому ташаббусҳоеро роҳандозӣ намуданд, ки ин миллати соҳибтаъриху соҳибфарҳанг дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба некӣ шинохта гардида, аз имрӯзу ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак дод.
Ҳамин аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати амну осоишта ва дар марҳилаҳои рушду такомул қарор дошта, мавқеи назарраси хешро байни чандин давлату халқият ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор намуд. Дар ин зимн ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону қариб 200 давлати рӯи ҷаҳон бо пешниҳодҳои судманду манфиатовар ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон маротибаи чорум дар сатҳи байналмиллӣ мавзуи дастрасӣ ва ҳифзу истеъмоли об пазируфта шуда, инчунин бо дигар баромадҳои таъсиргузори худ Сарвари давлат нуфузи Тоҷикистонро боло бардоштанд. Дар сиёсати дохилии худ низ Пешвои миллат умури давлатдориро устувор гардонида, маҳз ҷиҳати татбиқи чор ҳадафи стратегӣ тавонистанд пешрафту ояндаи дурахшони Ватанро таъмин созанд. Расидан ба истиқлолияти комили энергетикиву аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, таъмини амнияти озуқавориву саноатикунонии босуръати мамлакат нишони тараққиёти кишвару беҳдошти рӯзгори аҳолӣ мебошад.
Матлаб аз ин ёдовариҳо дар он аст, ки бо диду назари нек ва сиёсати созгорашон Пешвои миллат даврони 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат тавонистанд рисолати роҳбариашонро дар сатҳи боло иҷро намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи тозабунёдамонро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намоянд. Бо шукргузорӣ аз чунин роҳбари меҳрубону сиёсатмадори хеш мо - ходимони динро лозим аст пайваста садоқати худро ба миллату давлат нишон диҳем. Бо пайравии дастуру маслиҳатҳои роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди баррасии мавзуъҳои рӯз мавқеъгирӣ намоеам. Президенти мо тавонистанд хешро ҳамчун нафари сиёсатмадори тавоно дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки бо назардошти тарзи муваффақонаи корбариашон яке аз шахсиятҳои 500 нафараи олами ислом қабул гардиданд. Ин мавқеашон ба мо - ходимони дин низ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Солҳои даврони шӯравӣ рӯзҳои иди саиди Фитру Қурбон рӯзҳои корӣ маҳсуб ёфта, аз расму оинҳои милливу суннатиамон то як андоза дар канор монда будем, ки хушбахтона, ҳоло аз фарорасии ин рӯзҳо бо маънои томаш ҳама ид мекунем. Таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам, тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон ва як қатор иқдому ташаббусҳои фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат баҳри устувор намудани пояи маънавӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Ҳамин тариқ, дар ин даврони шукуфоӣ арзишҳои ниёгон такмил ёфта, инчунин тамоми соҳаҳо тараққӣ карда, дар хотираи миллат пешрафти 31 соли соҳибистиқлолии кишвар нақши абадӣ гузошту минбаъд низ бо чунин тадбирандешиҳои саривақтии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома хоҳад ёфт.
Бо чунин исботу далелҳои воқеӣ вақте дар бораи нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории тоҷикон сухан меронам, сафарҳояшон ба вилояти Хатлон пеши назар меояд. Ҷаноби Олӣ зимни сафарҳои кориашон аз вазъи зиндагии мардуми маҳал дидан намуда, бо ҳамватанон аз наздик суҳбат намуда матлабу мушкилоташонро пурсон шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҳалталаб тадбирандешӣ мекунанд.
Пешвои милатамонро хурду калон, тамоми табақаи аҳолӣ дӯст медоранду эҳтирому қадрашонро ба ҷой меоваранд. Зимни баргузории чунин мулоқотҳои арзишманд ман низ аз Пешвои миллат дастуру маслиҳатҳои судманд гирифтаву баҳри иҷрои нақшаву барномаҳои кориамро ҳамчун ходими дин такмил додаам. Бахусус дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон пайваста дастур медоданд, ки хонанду соҳиби маълумоти касбӣ гардида, ба сифати мутахассис дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунанд. Ҳувияти миллиашон такмил ёфтаву бояд ин насли ояндасоз бо дарки арзишҳои милливу суннатии хеш дар рӯҳияи солим ба камол расанд. Кӯшиш кунанд, аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротагаро ва бегонапарастӣ дар канор буда, албатта, зери назорат ва тарбияи волидайну равшанфикрон бошанд.
Ҳар яки моро лозим аст, ки бо садоқату самимияти хосса атрофи Роҳбари дилсӯзу Пешвои маҳубуби хеш ҷамъ омадаву баҳри пойдории сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва тараққиёту шукуфоии ватани маҳбуб талош варзем.
Нурзода Усмоналӣ,
муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
архатиби вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00