Пирӯзӣ муборак, истеъдодҳо!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 536
Дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо тантана ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Даври чоруми озмун 21 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз шуда, тайи 4 рӯз дар бахшҳои гуногун дар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи кишвар идома ёфт.
Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) соли дуюм аст, ки аз рӯйи 7 (ҳафт) номина миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва бо иловаи номинаи ихтироъкорӣ байни олимону муҳаққиқони синни гуногун баргузор мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун, ба ҳар номина 2 ҷойи 3-юм, 2 ҷойи 2-юм ва 1 ҷойи якум пешбинӣ шуда, ба ғолибони ҷойҳои 3-юм понздаҳ (15000) ҳазор сомонӣ, ҷойҳои 2-юм бисту панҷ (25000) ҳазор сомонӣ ва ба ҷойи 1 сиву панҷ (35000) ҳазор сомонӣ туҳфаи пулӣ ва ҷому ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд. Инчунин ба омӯзгорони хонандагони ғолиб ба маблағи даҳ (10000) ҳазор сомонӣ туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.
Хурсандибахш аст, ки дар номинаи «Биология»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» хонандаи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Данғара Фариза Акрамова ҷойи 1-умро соҳиб гардида, бо Диплом ва 35 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00