Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Аз «Ғунчаҳо...» то «Меҳтарони Хатлон»


Аз «Ғунчаҳо...» то «Меҳтарони Хатлон»




Нашрияи кӯдакон ва наврасон «Ғунчаҳои Хатлон»

Ҳадафи таъсиси нашрияи кӯдакон ва наврасон “Ғунчаҳои Хатлон”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯйи чоп омадааст, фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудан аст. Шумораҳои ҳармоҳаи нашрияи «Ғунчаҳои Хатлон», ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад. Инчунин, дар шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп мерасанд.

Рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон»

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодӣ нашрияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон — рӯзномаи вилоятии «Меҳтарони Хатлон» таъсис дода шуд.

Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон С. Исмоилзода зикр кард, рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон» бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъсис дода шуда, дар арафаи Соли нави мелодӣ барои насли калонсоли вилоят туҳфаи арзанда гардид.

Маҷаллаи «Сафо»


Маҷаллаи «Сафо» соли 2020 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис  дода шудааст.

Маҷаллаи мазкур моҳе як маротиба нашр шуда, фарогирӣ мавзуъҳои мубрам, тарғибкунандаи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳаёти мардуми Хатлонзамин мебошад.

Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо» Латофат Мирзосаидиён мебошад. Ҳайати эҷодии маҷалла аз ҳисоби рӯзноманигорони касбӣ ҷалб гардида, бо риояи талаботи журналистика матлабҳо омодаву нашр менамоянд.

Нашрияи «Ваҳдатсаро»

Нашрияи “Ваҳдатсаро” соли 2019 дар Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои таъсис пешниҳод гардида, ташаббуси мазкур мавриди дастгирӣ қарр гирифт. 

Аз моҳи январи соли 2020 нашрияи “Ваҳдатсаро” ба чоп расид. Ҳоло адад нашр 4500 нусхаро дар бар мегирад, ки ҳар моҳ ба чоп мерасад. Дар нашрия матлабҳои тарғиботи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон, сулҳу ваҳадати саросарӣ, якдилию иттифоқӣ ба табъ мерасад.

Сармуҳаррири нашрияи “Ваҳдатсаро” Амиршои Хатлонӣ мебошад.

Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ «Меҳровар»

Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ “Меҳровар” барои тарғиби ҳаёту фаъолияти занони вилояти Хатлон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, муаррифӣ намудани занони муваффақу намуна фаъолият дорад.

Маҷалла дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон матлабҳои таҳлилӣ, маслиҳати муфид омода мекунанд. Дар бораи занони муваффақу коргар ва оилаҳои намунавӣ маводҳо таҳияву нашр мекунад.

Маҷалла аз соли 2017 инҷониб нашр мешавад ва сармуҳаррири маҷалла Шарофати Дониёр мебошад.

Телевизиони «Хатлон»

Телевизиони “Хатлон” соли 1992 ташкил гардидааст. Давоми 30 сол телевизиони мазкур фаъолияти хоҷагии халқи вилоят, дастоварду муваффақият, зиндагии мардум, пешрафту шукуфоии вилояти Хатлонро инъикос менамояд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, бо қарори раиси вилояти Хатлон ба Идораи телевизион ва радиои вилоят 750 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири телевизионӣ соли 2019 ҷудо гардид. Моҳи сентябр ин таҷҳизот ба идораи ТВ-и вилоят дастрас ва насб гардиданд. Сар карда аз моҳи ноябри соли 2019 барномаҳои телевизиони “Хатлон” бо формати пахши дақиқияташ баланд HD ба эфир баромада истодааст.

Ҳамзамон, бо кӯмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шабакаҳои телевизионии “Хатлон” тариқи моҳвора барномаҳои худро манзури тамошобинон мекунанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода