МЕҲРНОМАИ СӢ СОЛ ДАР СӢ РУБОӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 892
Эҳдо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эй Сарвари мо, даври ту даври Сомон,
Аз давлати тоҷикону аз рафта нишон.
Исмоили Сомонӣ агар зинда шавад,
Гардад зи шукӯҳи тоҷу тахтат ҳайрон.
Эй Сарвари мо, ба мо ту бахт овардӣ,
Дар рӯзи басо мушкилу сахт овардӣ.
Аз баъди ҳазор соли навмедиҳо,
Моро ту зи нав ба рӯи тахт овардӣ.
Эй Сарвари мо, Худо нигаҳбони ту бод,
Сад ҷони ҷаҳон фидои як ҷони ту бод.
Дунё ба шарофати ту моро бишнохт,
Дунёи дили ҳама санохони ту бод.
Эй Сарвари мо, матлаби ту сулҳи ҷаҳон,
Аз ҳар сухани панди ту ин нукта аён.
Дар чеҳраи ту нури Илоҳӣ пайдо,
Ин ҳадяи меросии шоҳони Каён.
Эй Сарвари мо, шиоратон Ваҳдат шуд,
Ободии мулку равнақи давлат шуд.
Шукронаи сарҷамъии мардум дорем,
Тоҷик ба шарофати Шумо миллат шуд.
Эй Сарвари мо, ту саъйи чандон кардӣ,
Ороста марзи Тоҷикистон кардӣ.
Ҳаргиз нашавад хато, агар ки гӯям,
Онро ба масал равзаи ризвон кардӣ.
Эй Сарвари мо, ба мо Нишон овардӣ,
Ҳам Парчаму рамзи Ковиён овардӣ.
Ҳар ҷо шунавам Суруди Миллӣ, гӯям,
Онро ту ба қиммати гарон овардӣ.
Эй Сарвари мо, хислати ту Нӯширвон,
Бо адлу сахои худ гузаштӣ аз он.
Осуда диёри Тоҷикистон кардӣ,
Таҳсин ба ту, эй вориси Оли Сомон.
Эй Сарвари мо, ба мо забон овардӣ,
Бар пайкари афсурда равон овардӣ.
Қонуни адолат аст Сарқонунат,
Қонуни адолати ҷаҳон овардӣ.
Эй Сарвари мо, давлати ту Раҳмонӣ,
Бар мақсади худ расад ҳазор армонӣ.
Ин давлати поянда насибат гашта,
Аз олами қудсу раҳмати Яздонӣ.
Эй Сарвари мо, пули ту шуд Сомонӣ,
З-он гашта ба хоки тоҷикон арзонӣ.
Мисли Сино, Мир Сайиди Ҳамадон,
Боқадру азизу ҷовидон мемонӣ.
Эй Сарвари мо, зи илму одоби баланд,
Ҳар ҳарфи Шумост дафтари ҳикмату панд.
Бо чеҳраи ориёиву нуронӣ,
Гаштед ба ҳар миллату ҳар қавм писанд.
Эй Сарвари мо, зинда бузургон кардӣ,
Олам ҳама ҷо ту Рӯдакихон кардӣ.
Ҳайкал ту ба Носиру ба Мавло мондӣ,
Тоҷики маро шуҳраи даврон кардӣ.
Эй Сарвари мо, нақбу раҳи «Истиқлол»,
Бар мардуми сарзамин биёрад иқбол.
Ин силсилабарқи ту мунаввар созад,
Кошонаю ҳам маҳфили моро ҳар сол.
Эй Сарвари мо, ту НОБ -и Роғун созӣ,
То нури чароғи тоҷик афзун созӣ.
Аз ағбаи Шаршар ту ба Кӯлоби калон,
Пешина раҳи куҳна дигаргун созӣ.
Эй Сарвари мо, рафтӣ ба пойи минбар,
Андешаву омоли басо нек ба сар.
То ки бикунӣ диёри моро обод,
Хӯрдӣ ту қасам ба ному шири модар.
Эй Сарвари мо, ки Қаҳрамони Ватанӣ,
Дар рӯи ҷаҳон зи миллатат ҳарф занӣ.
Пиндори ту неку ҳарфу рафтори ту нек,
Фархунда ба ҳар маҳфилу ҳар анҷуманӣ.
Эй Сарвари мо, туро фалак таҳсин кард,
Боло зи шаҳони рафтаи пешин кард.
Кардем дуо: ҳамеша бо мо бошед,
Бар нияти мо фариштае омин кард.
Эй Сарвари мо, ту шаҳсутуни давлат,
Дармону давои дарди халқу миллат.
Таърих ҳазор сол гардад, монӣ,
Чун шоҳи шаҳон дар он бақадру қиммат.
Эй Сарвари мо, ба адлу додат аҳсан,
Бар ботини поку бар ниҳодат аҳсан.
Мисли ту дигар шаҳе наояд ҳаргиз,
Эй вориси Тоҷ, бар нажодат аҳсан.
Эй Сарвари мо, ту зеби минбар гаштӣ,
Зебандаи тоҷу тахти кишвар гаштӣ.
Дар тирашабони бефурӯғи миллат,
Рахшанда мисоли шамси Ховар гаштӣ.
Эй Сарвари мо, зи ту низоми давлат,
Гардида ба шаффофӣ ҳаме беиллат.
Дар сафҳаи таърихи башар мемонед,
Бо номи накӯ чу шаҳсутуни миллат.
Эй Сарвари мо, ту эътибори тоҷик,
Бошад зи барори ту барори тоҷик.
Кардед муаррифӣ ба дунё моро,
Фарзанди бананги тоҷдори тоҷик.
Эй Сарвари мо, бо ту ҷаҳондор шудем,
Огаҳ зи ҷаҳону кори бисёр шудем.
Чун қуллаи кӯҳ сар кашидем баланд,
Тамкини ту буд, ки мо чу кӯҳсор шудем.
Эй Сарвари мо, чароғи миллат гаштед,
Рахшандаи олами сиёсат гаштед.
Аз сулҳи Ватан ба мо башорат дода,
Бо сулҳу сафо кафили Ваҳдат гаштед.
Эй Сарвари мо, ба мо мададгор шудӣ,
Дармони дили хастаи бемор шудӣ.
Хизрона ба манзили мурод овардӣ,
Бар қавми пароканда ту солор шудӣ.
Эй Сарвари мо, ки фаҳми олам кардед,
Бисёр баланд қадри одам кардед.
То он ки шиносанд бузургони Аҷам,
Машҳури ҷаҳон Имоми Аъзам кардед.
Эй Сарвари мо, бузурги даврони манӣ,
Ҳар ҷо, ки сухан равад, дар он сарсуханӣ.
Ҷуз ту дигаре пушти Ватан гарм накард,
Тоҷиксолору пуштибони Ватанӣ.
Эй Сарвари мо, фитрати ту Қуръонӣ,
Бо тозадилӣ дар дили мо имонӣ.
Инсофу адолати ту аз чарх гузашт,
Дар олами қудсиён дурахшонҷонӣ.
Эй Сарвари мо, Шумо равони миллат,
Гардида мудом пуштибони миллат.
Дар домани покатон намоз аст раво,
Эй шамси ҳамеша ҷовидони миллат.
Саидҷаъфар
БА ЁЗӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00