Вафо кардӣ ба ҳар як ҳарфи савгандат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 716
Эҳдо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамон рӯзе, ки халқи меҳанам бехонаву дар буд,
Ҳамон рӯзе, ки тақдири Ватан андар лаби ҷар буд.
Ҳамон рӯзе, ки ақли халқи гумроҳ дур аз сар буд,
Ҳамон рӯзе, ки нархи санг болотар зи гавҳар буд.
Пайи ободии меҳан ба амри дил камар бастӣ,
Зи баҳри ваҳдати халқат раҳи садҳо хатар бастӣ.
Ҳамон рӯзе, ки боғу роғҳо помоли зоғон буд,
Ҳамон рӯзе, ки халқи ҷабрдида бесаробон буд.
Ҳамон рӯзе, ки беқадртарин махлуқ инсон буд,
Ва куштори касон монанд бар забҳи чу ҳайвон буд.
Ба дӯши хеш бигрифтӣ инони раҳнамоиро,
Ба ҳам овардӣ кулли мардуми аз ҳам ҷудоеро.
Ҳамон рӯзе, ки карсони Ватан аз орд холӣ буд,
Барои миллати мо давраи бечораҳолӣ буд.
Ҳама дар ҳайрат аз он, ки чӣ ҳолеву чӣ фоле буд,
Ва дар алфози ҳар кас шеваи бечоранолӣ буд.
Қасам хӯрдӣ, ки халқи хештанро сер хоҳам кард,
Ватанро тоза аз шамшеру тӯпу тир хоҳам кард.
Ҳамон рӯзе, ки мафҳуми маҳал боло зи меҳан буд,
Касе мо ҳам намегуфту ба ҳар ҷо даъвии ман буд.
Ҳамон рӯзе туфайли ҷанг сарҳо дур аз тан буд,
Падар андар ғами фарзанду шавҳар дар ғами зан буд.
Зи ҳам ранҷидагонро боз фарзанди падар кардӣ,
Ту шоми тираи ҳаммеҳанонатро саҳар кардӣ.
Ҳамон рӯзе, ки одам қадри инсонро намедонист,
Мақому маънии аслии Қуръонро намедонист,
Зиёну даҳшату неруи тӯфонро намедонист,
Баҳои меҳани худ - Тоҷикистонро намедонист,
Ватан обод кардӣ, беҳтарини ганҷаш инсон шуд,
Ба ҳукми қонун аз нав Тоҷикистон Тоҷикистон шуд!
Ҳамон рӯзе, ки душман андаруни хонаи мо буд,
Пайи бишкастани паймону аз паймонаи мо буд,
Худӣ пиндоштемаш, лек ӯ бегонаи мо буд,
Ва чашми тири ӯ бар пушту бар пешонаи мо буд,
Шиносондӣ ту халқи хешро бо асли худ, аҳсант!
Сазоворӣ ба номи қаҳрамони насли худ, аҳсант!
Ҳамон рӯзе, ки гуфтӣ: “Бар шумо ман сулҳ меорам”,
Қасам бар ҷисму ҷонам, ки ватанро дӯст медорам,
Қасам хӯрдӣ ба шири модару бар ҷону нони халқ,
Ки ман ҳаммиллатони хештанро бар Ватан орам,
Вафо кардӣ ба ҳар як ҳарфи савгандат, ҳалолат бод!
Туро ҳам, эй Ватан, фарзанди дилбандат ҳалолат бод!
Гумонам, ки на камтар буд аз ҳар панд ин ҳарфат,
Шуда бар шохи уммеди ҳама пайванд ин ҳарфат.
Чу Сарқонун, ки гирад ибтидо аз он ҳама қонун,
Бари савгандҳоят буд сарсавганд ин ҳарфат.
Вафо кардӣ, ба подории ин миллат, ҳалолат бод!
Вафо кардӣ, вафодории ин миллат, ҳалолат бод!
Чӯпон Бадал
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00