Ҳунармандони эронӣ дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 719
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон 60 нафар намояндагони мақомоти расмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ин кишвар рӯзи 3 ноябр ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Расми истиқболи ҳайати меҳмонони эронӣ дар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки муови-ни раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода барпо гардид.
Пасон, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҳунармандони эронӣ барномаи пурмуҳтавои фарҳангиро пешниҳоди иштирокдорон гардониданд. Муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ зикр намуд, ки равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон ва Эрон солҳои зиёдест, ки густариш меёбад. Ин натиҷа ва самараи талошҳои сарони ҳар ду давлат буда, дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо низ мақоми хосса дорад. Тоҷикистон ва Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.
Дар Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон қарор аст, бархе аз зарфиятҳо, тавлидот, дастовардҳо ва тавонмандиҳову халлоқиятҳои ҳунармандони Эрон дар арсаҳои ҳунар ва мусиқӣ ба намоиш гузошта шаванд. Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон 1 ноябр шуруъ шуда, рӯзи 6-уми ноябр ба ит-мом мерасанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00