Бадӣ як рӯз пеш ояд бадонро
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 571
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки имрӯз тамоми хурду бузурги кишвари биҳиштосоямон-Тоҷикистон ҷашни мубораки 28-солагиамро бо дастовардҳои арзандаю муҳаббати бепоён истиқбол мегиранд. Ин бароям мояи ифтихор аст. Акнун бо тамоми ҳастиям гуфта метавонам, ки қадру манзалатам миёни мардуми кишвар хеле баланд будааст.
Сарвари дурандешу фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои мил-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромаду савгандёдкуниашон бо як ҷаҳон меҳру муҳаббату ихлос дасти муборакашонро болоям гузошта, ҳурматамро ба ҷо меоранд, ки аз ин сарам ба осмон мерасад.
Бо ин қадар ҳурмату эҳтиром боз нафароне ёфт мешаванд, ки нисбатам корҳои ноадолатонаро раво дида, ношукрӣ мекунанд, ки ин нобахшиданист. Ин ашхоси бо ном «дӯстдори миллату Ватан» дур аз диёр истода, ба сари ману Сарвари ҷонфидои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон санги маломат зада, худро до-ною соҳибмаърифат нишон медиҳанд. Ин нафарон мехоҳанд, ки воқеаҳои соли 1992-ро аз нав такрор карда, мардуми осоиштаро овораю нотинҷ кунанд. Онҳо намеандешанд, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар атрофи Президенти мардумиашон ҷамъ омада, ба чунин нафарон нафрат доранд ва ҳеҷ гоҳ хатоҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро такрор намекунанд.
Эй рӯбоҳони ҳиллагару хушомадгӯ! Магар моддаи 6 банди 4-ро фаромӯш кардаед? Ба-роятон онро ёдрас мекунам: «Ҳеҷ як иттиҳоди ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надоранд, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намоянд».
Мутмаинам, шумои ватанфурӯш, албатта, рӯзе назди Ману Ватан бо ин кирдори разилонаатон ҷавоб хоҳед дод.
Таснифи Нуралӣ ҲАҚНАзАР,
ноҳияи Фархор
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...
-
26-01-2021, 14:00
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...