Резахӯри хони давлати худ бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 618
Мардуми тоҷик 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифт. Ҷашни имсола дар назди маҷмааи “Истиқлол ва озодӣ”, ки рамзи қудрат, тавоноӣ, муттаҳидӣ, якдилӣ, якмаромӣ, дониш ва хирад, тамаддуну фарҳангдорӣ, анъанаву маросимҳои ғанидоштаи миллати тоҷикро ифодагар буд, таҷлил гардид.
Аз ҳама муҳимаш, барои тамошобинон диққатҷалбкунанда он гардид, ки аз чанд гӯшаи майдон ва маҷмаа ба ҳаво мушакҳои тарканда сар дода шуданд. Ҳангоме, ки мушакҳо метаркиданд, онҳо ба дастагули зебое табдил меёфтанд ва ахтари аз онҳо баромада мисли селаи ситораҳо ҷило дода, гӯё файзу баракатро ба сари мардуми тоҷик меоварда бошанд, ба замин мерехтанд.
Тантанаву базмороиву хурсандиҳо шаҳодат аз он медод, ки мо - мардуми тоҷик дар як давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол, шукуфою биҳиштосо, орому осуда бо меҳнати фидокорона Ватани азизамонро ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав пеш бурда истодаем. Дар зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ арзишҳои соҳибистиқлолии худро боз ҳам мустаҳкаму орзую ормонҳоямонро амалӣ месозем. Самараи дӯстиву бародарӣ, якдиливу якмаромии сокинони мамлакат аст, ки Тоҷикистон дар давоми начандон тӯлонӣ дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои беҳтарину беназир ноил гашт.
Ҳамаи ин пешравию комёбиҳо маҳз бо ташаббус ва хизматҳои содиқонаю софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Имрӯз Тоҷикистон ба як мамлакати пешрафтаю гулгулшукуфон табдил ёфтааст. Бар дӯши мо-омӯзгорон бошад, вазифаи басо пурмасъулият тарбияи насли ояндасози давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, пеш бурдани салоҳиятнокӣ дар таълим, бедор сохтани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, содиқ будан дар ҳимояи марзу буми ватан ва чун гавҳараки чашм нигоҳ ва ҳифз доштани арзишҳои истиқлол аст.
Мутаассифона, дар баробари пешравию ободкориҳо, ноил шудан ба зиндагии шоиста, ҳастанд баъзе ҷавононе, ки ба ҳаёти орому осоишта халал расонда, онро доғдор менамоянд.
Аҳамияти арзишҳои миллию соҳибистиқлолиро дарк намекунанд. Ба қадру қимати миллати хеш намерасанд. Онҳо бо мақсади даромади муфт ва ба даст овардани маблағи фаровон думравони хоҷагони хориҷӣ гашта, ба мамлакатҳои бегонаву ҷангзада мераванд. Аз дур истода ба давлату миллати худ санги маломат мезананд. Аммо онҳо фаромӯш насозанд, ки дар паси ҳар даромади муфту маблағи фаровон офате ниҳон аст, ки оқибати он ба шахс зарари ҷонӣ мерасонад.
Чунон ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби “Футувватнома”-и худ дар ҳикояи “Пиразан ва гурба” доир ба ин масъала овардааст: “Пиразане гурбае дошт. Онҳо ба резахӯри хони худашон қаноат карда, орому осуда зиндагӣ доштанд. Рӯзе он гурба ба ҳамҷинси худ, ки фарбеҳу озода менамуд, вомехӯрад. Аз ӯ мепурсад, ки ту дар чӣ гуна ҳолию фарбеҳу озода менамоӣ? Гурбаи ҳамҷинсаш ҷавоб медиҳад, ки ман резахӯри хони султонам. Гурбаи пиразан ин суханро шунида, нафсаш ғолибият пайдо мекунад. Ба суханҳои пиразан гӯш надода, бо он гурба ба хонаи султон меравад. Чанде пеш аз тарафи гурбаҳо дар хонаи султон ҳодисае рух дода буд. Султон амр медиҳад, ки тамоми гурбаҳо аз тир гузаронда шавад. Гурбаи пиразан ҳам ба ин ҳодиса гирифтор шуда, ба пайкараш тири ҷонсӯзе мерасад. Гурба барои ҷонхалосии худ медавиду мегуфт:
Агар растам аз дасти ин тирзан,
Ману мушу вайронаи пиразан».
Кӯтоҳназарӣ, камақлӣ, беандешагӣ, баднафсӣ,
ҳарисӣ ба мисли гурба дар оташ сӯхтан аст.
Беҳтараш якдилу яктану якмаром гардида, шукронаи ин давлати озоду обод ва миллати хушбахт кунем. Дар пайравии Сарвари давлат қадам гузорем ва Тоҷикистонро боз ҳам гулафшону зеботар намоем. Фаромӯш насозем, ки Тоҷикистон барои ҳар як фарзанди тоҷик чун биҳиштест дар рӯи замин. Фардо моро танҳо замин ва хоки муқаддаси Тоҷикистон ба оғӯш мегирад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунем, ки резахӯри хони давлати бегона нею резахӯри хони худ шавем ва ба миллату Ватани хеш хизмат аз дилу ҷон намоем.
Намоз Солиев, омӯзгор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...