«Калиди ояндаи нек китоб аст», - мегӯяд иштирокчии 80-солаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 709
Хоркаш Ташрифзода, сокини ноҳияи Кӯшониён, иштирокчии 80-солаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Дар озмун аз номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони бачагон иштирок намудааст.
Суҳбате доштем бо ин бобои хирадманд, ки манзури хонанда мегардонем.
-Шуморо чӣ водор кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намоед?
-Чор сол боз орзу доштам, ки дар ин озмуни овозадор ширкат варзам, аммо баъзе сабабҳо садди роҳи ман гаштанд. Хушбахтона, ин сол дар озмун иштирок намудам. Сабаби асосии иштирокам ин муҳаббати зиёд доштанам нисбати китоб буд. Баъди мутолиаи ҳар як китоб ҷавонтар мешавам. Дар ҷое хонда будам, ки чунин навишта шуда буд: “Агар дар зиндагӣ ба мушкилие дучор гаштед, пас яқин доред, ки кам китоб хондаед”. Дар ҳақиқат, чунин аст. Инро дар таҷрибаи 80-солаи худ дидаам.
-Дар озмун аз рӯи кадом номинатсия иштирок намудед?
-Дар озмун аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони бачагона иштирок намудам. Ният доштам, ки дар номинатсияи адабиёти классик ширкат варзида, дониши худро санҷам. Аммо бо тавсияи дӯстон ва оила аз номинатсияи адабиёти бачагона иштирок намудам. Лекин осори адибони классикро бениҳоят дӯст медорам, агар умр вафо кунад, соли оянда аз номинатсияи адабиёти классик иштирок мекунам.
-Иқдоми гузаронидани озмуни мазкурро чӣ хел қабул кардед?
-Озмун ба маврид ва саривақтӣ ба роҳ монда шуд. Азбаски дар дили ман шӯру шавқи китобхонӣ ниҳон буд, маҳз тавассути ин озмун тавонистам, ки онро ба ҳамагон нишон диҳам.
Хондани китоб ба синну сол вобастагӣ надорад. Ҳарчанд ба 80-солагӣ қадам гузошта бошам ҳам, ҳоло бардамам, кам бемор мешавам, ба духтур низ кам муроҷиат мекунам, бештар китоб мехонам, чунки саломатии худро дар мутолиаи китоб мебинам.
-Иштирок дар даври вилоятии озмун чӣ гуна буд?
-Ман аз рафти даври вилоятии озмун қаноатмандам, чунки худ баромад намудам, баҳогузории ҳакамон низ боадолатона буд. Ҳакамон ба ман тавсия доданд, ки омодагии хуб бинам.
-Ба ҷавонон баҳри аз бар кардани дониш, ҳунар ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ чӣ тавсия медиҳед?
-Ба ҷавонон гуфтаниам, ки агар гиреҳи зиндагиро наёфтанд, пас ба китоб рӯ оранд. Нависандаи бузурге гуфтааст: “Китоб қудрати муъҷизаофаре дорад, вақте ки онро кушодӣ китоб туро мекушояд”, яъне китоб инсонро аз тамоми мушкилӣ мераҳонад. Ҳамчунин, дар як гӯшаи китобхона ташкил намоянд. Бештар китоб хонем, то зиндагиамон рангин шавад. Калиди ояндаи нек китоб аст.
-Ташаккур, барои суҳбати самимӣ!
Фарида БАРОТОВА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00