Ифтитоҳи бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 600
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳаким Неъматови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи нави хусусии таълимӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар заминаи бинои алоқаи шаҳри Кӯлоб таъсис дода шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комил-2010” соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ва ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ иҷро гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд.
Бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб барои 460 донишҷӯ пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ ва аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Иншооти мазкур дорои синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона, лабаратория ва синфхонаҳои дарсӣ буда, барои донишҷӯён шароиту имконоти муосири аз худ кардани технологияҳои пешрафта муҳайё карда шудааст. Дар муассисаи нави таълимӣ ду кафедра, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва радиоалоқа амал мекунад, ки мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои равияи техникӣ ва алоқа омода карда мешаванд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён, ки баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд аз рӯи 13 ихтисос касбу ҳунар омӯзонида мешавад.
http://www.president.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00