Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин


Ифтитоҳи бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин



23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро мавриди истифода қарор доданд.


Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия бо дастгирӣ ва супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ ба кормандони соҳа бунёд ёфтааст.


Бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3-ошёна буда, дар ошёнаи якум барои ташхиси маҳсулоти гуштию ширӣ ва меваҷоту сабзавот озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил карда шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Дар ошёнаи якум ва дуюми бинои навтаъсис аз рӯи лоиҳа 10 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, дар ошёнаи 3-юм маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва меҳмонхонаи замонавӣ бо 5 рахти хоб сохта шудааст, ки аз чунин шароити фароҳамгардида мутахассисону кормандони марказ метавонанд самаранок истифода намоянд.


Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти муосир ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунёди бинои муосири хизматрасонӣ ва ташкили озмоишгоҳи замонавӣ барои кормандон имконият фароҳам месозад, ки онҳо дар чунин шароит донишу малакаи худро баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ,  пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳо сироятӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа истифода намоянд.


http://www.president.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода