Меҳргони меҳрбон ояд ҳаме...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 583
Иди Меҳргон, ки рамзи фаровонҳосилӣ, заҳмати пурбори марди деҳқон, хуррамии ҷаҳон аст, инак, фаро расида, ба хонадони мо файзу баракат овардааст.
Меҳргонро ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзавот, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад. Ин гувоҳи он аст, ки ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
- Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил меҳнати марди деҳқон бо фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромад, - омадааст дар номаи шодбошии раиси вилоят. - Дар ин рӯзи файзбор натиҷаҳои беҳтарини фаъолияти кормандони соҳаи комплекси агросаноатӣ, олимон ва деҳқонони вилоятро бо рақаму далелҳо қайд кардан амри муддаост.
Кишоварзони вилоят баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро имсол ба 17,8 миллиард сомонӣ расониданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 896936 тонна ғалладона, 202077 тонна картошка, 1363728 тонна сабзавот, 200157 тонна мевагиҳо, 101823 тонна ангур ва 603265 тонна полезиҳо истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47810,6 тонна ғалладона, 63598,1 тонна сабзавот, 31181,2 тонна полезиҳо, 18817,7 тонна мевагиҳо ва 11171,1 тонна ангур зиёд мебошад.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, полезикорӣ ва боғу токпарварӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, алалхусус сабзавот дар майдони 36414 гектар кишти сабзавот гузаронида шуда, дар ин давра дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони 20686,5 гектар сабзавот ҷамъоварӣ карда шуда, 656275 тонна сабзавот истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5786 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии сабзавот ба 317,2 сентнерӣ баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,8 сентнер зиёд мебошад.
Дар истеҳсоли сабзавоту полезӣ кори хуби кишоварзони ноҳияҳои Восеъ, Ҷайҳун, Кӯшониён, Шаҳритус, Ёвон, Ҳамадонӣ, Данғара, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Фархор, ва Шаҳритус боиси таҳсину офарин мебошад.
Кишоварзони вилоят ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, соли ҷорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 1191,1 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 1178 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 6 баробар таъмин гардид. Инчунин дар ин давра 336 гектар боғҳо ва 106,6 гектар токзорҳо барқарор карда шуд.
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати махсус зоҳир гардида, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ дар майдони умумии 134500 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2712 гектар зиёд мебошад.
Ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ оғоз гардида, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 114574 тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимакка, 155941 тонна сабзавот ва 83972 тонна полезӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 146,8-142,1 ва 120,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии ҳосили боқимонда идома дорад.
Барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар вилоят чорабиниҳои саривақтӣ андешида, теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 63771 адад расонда шуд ва дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 921,3 тонна асал истеҳсол гардид, ки 104,1 фоизи иҷрои дурнамо ташкил медиҳад.
Маҳз бо меҳнату заҳмати бепоёни кишоварзон вилояти Хатлонро бо нону гандум ва тарбузу харбузаи лалмии шаҳдбори Данғара, сабзавоти тару тоза, хусусан пиёзу лиму ва қулфинайи Ҷайҳуну Вахш, боғу токзорҳои шаҳдбори Данғараю Хуросон, анору харбузаи Дӯстию Норак, бодомҳои хуштамъи Қубодиёну Шаҳритус, олу ва шафтолуҳои рангоранги Ҷалолиддини Балхӣ, пахтакорони забардасти Кӯшониёну Ёвон, пистаҳои хандони Фархору Панҷ, картошкаҳои болаззати Муъминободу Ховалинг, асали хуштаъми Балҷувону Шамсиддин Шоҳин на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки берун аз он мешиносанд.
Умуман, аз Меҳргон то Меҳргон дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон беҳтару бештар гардида, вазъи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00