Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят ба аёдати хонаводаи афсари шаҳид Фирдавс Худойбердиев рафт


Раиси вилоят ба аёдати хонаводаи афсари шаҳид Фирдавс Худойбердиев рафт



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон ба аёдати хонадони сарбози шаҳидгашта Фирдавс Худойбердиев рафтанд.

Фирдавс Худойбердиев 1 августи соли 2002 дар оилаи коргар ба дунё омада, соли 2009 ба МТМУ №36 ба синфи якум қадам ниҳода, соли 2020 муассисаи мазкурро хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна бо хоҳиши худаш ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил мешавад. Ӯ ҳангоми адои хизмат дар иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ муваффақ буд. Мутаассифона, моҳи сентябри соли ҷорӣ Фирдавс Худойбердиев дар муноқишаҳои марзӣ ба ҳалокат мерасад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ба волидони Фирдавс Худоибердиев баҳри ба камол расонидани чунин фарзанди ҷонисори миллат изҳори сипос ва ҳамдарди амиқ намуданд. Изҳор гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан қарзи инсонӣ ва шарафи бузург баҳри ҳар як ҷавонмарди ин ватан аст.




Сипас волидони Фирдавс Худоибердиев аз дастгириҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва вилоят изҳори қаноатмандӣ намуданд. Волидон иброз доштанд, ки ҳарчанд фарзандашон аз олам гузашта бошад ҳам, вале ҷон додан дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ин шарафи бузург дар назди халқ ва давлат мебошад.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода