Машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 025
Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон ҷиҳати ташкили машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ба Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Зимни ташриф бо истиқоматкунандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар машварати ҳуқуқӣ гузаронида, ба онҳо маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар рафти гузаронидани машварати ҳуқуқӣ аксарият бошандагон аз шароити муҳайёгардидаи зист ва хӯрду хӯрок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннадорӣ намуданд.
Баъди анҷоми машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар барои шиносоӣ аз шароити бошандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, ошхона ва майдончаи истироҳатии наздиҳавлигӣ дидан намуд. Шиносоӣ бо шароити зисти бошандагони Хонаи пиронсолон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои истиқоматкунандагон шароитҳо муҳайё шудааст.
Ҷ. МИРЗОЕВ, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...