Хизматрасонии тиббӣ дар маҳал беҳтар мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 001
Дар доираи фаъолияти бомароми Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ фаъолият мебарад, барои рушду нумӯи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Дар тӯли татбиқи Лоиҳаи мазкур азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ иҷро шуданд. Татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 9 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи Лоиҳа таъмири куллии марказҳои саломатӣ дар якчанд ноҳияи таҷрибавӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо лавозимоти муосири тиббӣ бомаром идома доранд. То ин вақт таъмири босифат дар Маркази саломатии деҳоти Яккатут, Гулобод, Ғалаба, Баҳори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Марказҳои саломатии деҳоти Куган Гулов, Уртабуз, Навбаҳори ноҳияи Кушониён ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон муассисаҳои мазкур бо як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти лабораторӣ, ЭКГ , асбобҳои хурди ҷарроҳӣ, ҳуҷраи занона, ҳуҷраи хатна ташкил ва таъмин карда шудаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00