Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маркази миллии тарҷума таъсис меёбад


Маркази миллии тарҷума таъсис меёбад



Дирӯз, 27 сентябр, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

«Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст»,- иброз намуданд Сарвари давлат зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода