Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ КАРД


ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ КАРД



Дар шаҳри Бохтар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, таҳти раёсати раиси маҷлис Қурбон Ҳакимзода оғоз гардид.

Пас аз тасдиқи рӯзномаи маҷлис ва интихоби котиботи иҷлосия, масъалаи якуми иҷлосия - "Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №386 «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят" мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Аз рӯйи ин масъала муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода маърӯза кард. Қайд гардид, ки кишоварзони вилояти Хатлон дар татбиқи Барномаи амнияти озуқавории вилоят дар давоми солҳои 2020-2022 корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар сатҳи 106-107 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра 1172 гектар заминҳои холимонда, 358 гектар заминҳои партов, 269 гектар чарогоҳ, 33 гектар дигар заминҳо, дар маҷмуъ, 1832 гектар замин дар вилоят ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Зиёда аз 20 ҳаҳюзор гектар заминҳои байни боғу токзорҳо, партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо ба кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ фаро гирифта шуд. 

Амонулло Салимзода ҳамчунин қайд кард, ки дар баробари муваффақиятҳо, дар таъмини иҷрои Барнома камбудиҳо низ ҷой доранд. Зикр шуд, ки давра ба давра истифода бурдани 26408 гектар заминҳои партов, 1012 гектар заминҳои холимонда, беҳсозии ҳолати обёрии зиёда аз 16 ҳазор гектар заминҳои обӣ метавонад ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи амнияти озуқавории вилоят мусоидат намояд.

Вакилони маҷлис Б. Одиназода, И. Вализода, М. Зоирзода ва дигарон дар муҳокимаи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис иштирок карданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои "Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024" Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори дахлдор қабул кард. Аз ҷумла мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти даллатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба интихоб, дарёфт ва амалӣ намудани кишти навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзии ба шароити тағйирёбии иқлим ва коркарди саноатӣ мутобиқ, зиёд намудани теъдоди сардхонаҳои муосири нигоҳдории маҳсулоти растанипарварию чорводорӣ ва таъмини захираи на кам аз 15-20%-и талаботи истеъмолии аҳолӣ, офаридани навъҳои сермаҳсули зироатҳои кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот дар асоси технологияҳои инноватсионии парвариш чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати дар соли оянда таъсис додани раёсатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои Вахш, Ҷаййҳун, Фархор, Данғара, Кӯшониён, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Восеъ, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии онҳо солона аз як то якуним миллиард сомониро ташкил медиҳад, масъалагузорӣ намуданд.

Кори иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят айни ҳол идома дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода