Суҳбати нотамом
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 908
Пиров Муҳаммадҷон Мерганович 19- уми апрели соли 1988 дар деҳаи Правдаи Ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Номбурда таҳсили ибтидоиро дар мактаби №17-и деҳа гирифтааст. Пас аз хатми муассиса соли 2006 ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 2010 бомуваффақият хатм кардааст.
Пас аз хатми донишкада Муҳаммадҷон бо фармони раиси КДАМ ҶТ аз соли 2010 то ин ҷониб дар вазифаи командири взводи сеюми таъйиноти гурӯҳи махсуси разведкаи Отряди сарҳадии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият менамуд. Дар ин муддат Муҳаммадҷон ба зинаи майорӣ расида буд. Маҳз хизматҳои содиқона баҳри Ватан буд, ки ӯ бо Сипоснома, Ифтихорномаҳои фахрӣ, Раҳматнома ва нишони сарисинагии “Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ” дараҷаи дуюм сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор буда, соҳиби се фарзанд – Файзалии 8-сола, Рамзияи 4-сола ва писари якмоҳааш - Умарҷон мебошад.
Ӯ баҳри нигоҳдории оромии кишвар дар марз буд. Рӯзи 16-уми августи соли 2022 ба ӯ хабар расониданд, ки соҳиби писар шудааст. Дар ин муддат имкони дидорбинӣ бо тифли навзод надошт.
Расо як моҳ пас, 16-уми сентябри соли 2022 соати 4:30 дақиқа сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом медиҳанд. Бо фармони роҳбарияти ҚС ҚДАМ ҶТ ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ бо амри “марз” бархезонда мешавад. Ҳайати шахсии қисми ҳарбии 0228-и ҚС ҚДАМ ҶТ дар вилояти Суғдбуда низ ин амалро қабул менамояд ва ҳайати афсарону сарбозон барои ҳифозати марз сафарбар мегарданд. Пас аз як соату 15 дақиқа бо фармони қисми ҳарбии 0228-и ҚС ҚДАМ ҶТ дар мошинаи ҷангии зиреҳпӯш дар ҳайати гурӯҳ 2 нафар афсар ва 1 сарбоз ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Овчиқалъача дар ҳайати майор Пиров Муҳаммадҷон, лейтенант Раҳматшои Шамсизод ва сарбози қаторӣ Қурбонбеков Беҳрӯз сафарбар мешаванд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳ ногаҳон сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба мошини ҷангии зиреҳпӯш ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, дар натиҷа ҳизматчиёни ҳарбии 0228 майор Пиров Муҳаммадҷон, аз ноҳияи А. Ҷомӣ, лейтенант Раҳматшои Шамсизод, аз ноҳияи Восеъ ва сарбози қаторӣ Қурбонбеков Беҳрӯз, аз ноҳияи Носири Хусрав ба ҳалокат мерасанд.
Ин хабари шум ба гӯши падари 77-солааш Пиров Мерган, маъюби гурӯҳи 1 ва модараш Моҳсафар Файзалиева мерасад.
-Фарзанди ман Муҳаммадҷон, бо завқи зиёд дар мактаби олӣ таҳсил кард, -ба ёд меорад Моҳсафар Файзалиева, модари Муҳаммадҷон Пиров. - Дар вазифааш содиқ ба халқу миллат ва Ватан, дасту дили пок дошт. Охирин маротиб бо ҳам суҳбати кӯтоҳи телефонӣ карда, аз аҳволи якдигар пурсон шудем. Муҳаммадҷон гуфт: «модарҷон, баъдтар боз занг мезанам». Вале.... Баъдтар хабари шаҳид шуданашро шунидам. Писари ман дар ҳифзу буми Ватан сина сипар намуда, ҷонашро фидо кард.
Ёдовар мешавем, ки Иброҳим Пиров, бародари Муҳаммадҷон Пиров , низ сарбоз асту имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хи змат намуда истодааст.
-Муҳаммадҷон ҳангоми гусели Иброҳимҷон ба хизмат мегуфт, ки агар хизмат кардӣ, сидқан хизмат намо. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Иброҳимҷон бо сари баланд хизмат дорад, - афзуд холаи Моҳсафар. -Аз ҳамаи модарон, ки ҷигарбандони худро аз даст додаанд, хоҳиш мекунам, ки ин амр аз Худованд буд, ки сафар ба фардо карданд.
Рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бод, эй қаҳрамонони миллат!
Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...