Россия ҲНИТ-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро манъ кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 523
— 14 сентябри соли 2022 Суди олии Федератсияи Россия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Россия манъ кард. Дар ин бора нашрияи «Известия» хабар дод. Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста баргузор шуд.
Қаблан Прокуратураи генералии Федератсияи Россия бо талаби террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* ба Суди олии Россия даъво пешниҳод карда буд.
«Суд даъвои Прокуратураи генералии Федератсияи Россияро дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ва мамнӯъ намудани фаъолияти он дар қаламрави Федератсияи Россия қонеъ гардонд», — гуфт намояндаи суд ба Интерфакс.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ эълон шуда буд. Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.
ҲНИТ ҳамчунин ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда дар кишварҳои узви СААД» шомил шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ин созмон. ҲНИТ ба феҳрист таҳти рақами 65 ворид карда шудааст. Ба ин феҳрист ҳамчунин ташкилоти террористии байналмилалӣ, аз қабили «Ал-Қоида», «Давлати исломӣ», «Ихвонулмуслимин», «Ансоруллоҳ» шомил гардидаанд.
______
*Ташкилоти террористию экстремистии мамнуъ дар Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...