Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурхи Исфара таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дорад


Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурхи Исфара таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дорад



Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурхи шаҳри Исфара таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».


Бо супориши Сарвари давлат имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз манзилҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидааст, боздид намуд.

«Барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тибқи супориши Сарвари давлат имрӯз аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд», — таъкид кард Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон.

Ба гуфтаи ӯ, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии неруи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара аз ҷониби Сарвари давлат супоришҳои мушаххас дода шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.

Тавре чанде пеш иттилоъ додем, 21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода