«Артист» ба наздикӣ пешкаши бинанда мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 001
Дар даврони соҳибихтиёрии кишвар дар вилояти Хатлон соҳаи синамо рӯ ба тараққӣ ниҳод. Таъсис додани “Хатлонсинамо” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон падидаест дар рушди кинои кишвар. Дар тӯли чор соле, ки ин муассиса фаъолият мекунад, аввалин силсилафилме бо номи “Артист” таҳия ва пешкаши дӯстдорони кинои тоҷик мешавад.
Силсилафилми “Артист” аз зиндагии пасипардагии ҳунармандони театр ва кино ҳарф мезанад. Рашк, нофаҳмӣ, ҷанҷолу хархашаи як ҳунарманди театрро бо ҳамсараш, ки пушти чашми тамошобин ба вуқӯъ меояд, ҳунармандони “Хатлонсинамо” ба риштаи кино кашидаанд.
-Дар тӯли чор соли фаъолият, мо- кормандони “Хатлонсинамо” дар таҳияи як қатор филмҳо даст задем. Пайваста кӯшиш мекардем, ки дар филмҳои таҳиянамудаи худ аз зиндагии имрӯзаи мардум барои мардум филм таҳиясозем. Дар ҳама ҳолат мекӯшидем, ки дар баробари таҳияи филм, инчунин, тавонем мардумро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистони маҳбубро ба сайёҳони хориҷӣ тарғиб намоем. “Артист” аз ҳаёти пасипардагии ҳунармандон, ки тамошобин инро дида наметавонад, қисса мекунад. То имрӯз филмҳои “Хатлонсинамо” беш аз 2 қисмат набуданд. Ва инак, силсилафилми “Артист” аз се мавсим иборат буда, ҳар як мавсими он аз 10 қисм иборат аст, -мегӯяд коргардони филм Сироҷ Абдулло.
Бояд гуфт, ки идеяи филмро Хайрулло Давлатов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, пешниҳод намуда, сипас бо Зафари Валӣ сенарияи онро таҳия менамоянд. Коргардонии филмро Сироҷ Абдулло ба зимма дорад.
-Ман, ҳамчун коргардони ин филм кӯшиш карда истодаам, ки бештар дар мавзеъҳои тамошобоби вилояти Хатлон филм сабт шавад.
То имрӯз мо бештар дар ноҳияи Балҷувон, Левакант ва шаҳри Бохтар лаҳзаҳои филмро сабт кардем, - илова намуд Сироҷ Абдулло.
Мавзуи асосии филм пурра аз зиндагии як ҳунарманд гирифта шуда, аз муносибати ҳамсараш бо ӯ то ба гапу ғайбати мардум нисбати як ҳунарманди театр нақл мекунанд. Филмсозон кӯшиш намудаанд, ки дар ин радиф хислатҳои неки инсонӣ ва маърифати оиладориро ба мардум талқин намоянд.
Дар филми мазкур ҳунармандони номии кишвар Моҳпайкар Ёрова ва Зулхумори Иброҳим, ҳамчунин, ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои нақшофарӣ ҷалб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки “Хатлонсинамо” дар оянда ният дорад, ки ба таҳияи филмҳои таърихӣ ва сайёҳӣ низ машғул шавад.
Н. Саидаброр,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00